Тими миллии футболи Олмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тими миллии футболи Олмон
Лақаб

Die Mannschaft (расмӣ) (Даста)
Die Nationalmannschaft (Тими миллӣ)
Nationalelf (Ёздаҳи миллипӯш)
Adler (Уқобҳо)

Deutsche Maschine (Машинаи олмонӣ)
Конфедератсия УЕФА
Федератсия Федеросиюни футболи Олмон (DFB)
Сармураббӣ Парчами Олмон Ҳанс-Дитер Флик
Менеҷер Парчами Олмон Оливер Бирҳофф
Капитан Парчами Олмон Мануел Нойер
Бештарин
бозии  миллӣ
Парчами Олмон Лотар Маттеус (150)
Беҳтарин
голзан
Парчами Олмон Мирослав Клозе (71)
Радабандии
ФИФА
12 (-1) (31 марти 2022)
max: 1 (декабри 1992 — августи 1993, декабри 1993 — марти 1994, июни 1994, июли 2014 — июни 2015, июли 2017, сентябри 2017 — июни 2018)
min: 22 (марти 2006)
Коди ФИФА GER
Форма
Либоси
аввал
Форма
Либоси
дуввум
Нахустин бозӣ

Парчами Швейтсария Швейсария 5:3 Олмон Парчами Олмон (1871—1918, 1933—1935)

(Базел, Швейсария; 5 апрели 1908)
Беҳтарин пирӯзӣ

Парчами Олмон (1871—1918, 1933—1935) Олмон 16 - 0 Русия Парчами Русия

(Стокҳолм, Шведсия; 1 июли 1912)
Бадтарин шикаст
Англия Инглистон 9 - 0 Олмон Парчами Олмон (1871—1918, 1933—1935)
(Оксфорд, Инглистон; 16 марти 1909)
Ҳузур 19 (аввалин бор 1934)
Натиҷа Қаҳрамони ҷаҳон 1954, 1974, 1990, 2014
Ҳузур 13 (аввалин бор 1972)
Натиҷа Қаҳрамон: 1972, 1980, 1996

Ситораҳои футбол[вироиш | вироиши манбаъ]

Франс Беккенбауэр (Beckenbauer) дар ҳайати тими мунтахаби Олмон (1965–77) чемпиони ҷаҳон (1974) ва Аврупо (1972) шудааст; дар 103 дидор ширкат намуда, 1 гол задааст. Солҳои 1972 ва 1976 беҳтарин футболбози Аврупо эътироф шуд. Яке аз беҳтарин бозингари ин тим (чемпионати ҷаҳон оид ба футбол соли 2006), Михаэл Баллак буд. Ин футболбози моҳири "Бавария", дар ҷаҳон низ яке аз хавфноктарин нимҳимоягарон ба шумор мерафт. Дар 62 бозияш дар ҳайати тими миллии Олмон, Баллак 29 голро ба нишон задааст. Сармураббии содиқи ин даста Йоахим Лёв ӯро ҳамчун муҳимтарин футболбози Олмон ном бурдааст.

Сармураббӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Франс Беккенбауэр (Beckenbauer) cолҳои 1984–90 мураббии тими мунтахаби Олмон буд ва онро ба мақоми ноиб-қаҳрамонӣ (1986) ва чемпиони ҷаҳон (1990) расонд. Юрген Клинсман роҳбарии дастаро баъд аз ба нокомӣ дучор шудани Олмон дар чемпионати Аврупо соли 2004 қабул кард. Усулҳои нави мураббӣ на ба ҳама маъқул омаданд, вале дар давоми як муддати кӯтоҳ ӯ як дастаи пуқувватеро ташкил кард ва дар амал собит намуд, ки тими миллии Олмон чӣ гуна моҳирона бозӣ карда метавонад.


Таърихи иштироки тими миллии Олмон дар чемпионатҳои ҷаҳон
1930 иштирок накардааст 1934 ҷои сеюм
1938 1/8 финал 1950 иштирок накардааст
1954 ҒОЛИБ 1958 ҷои чорум
1962 1/4 финал 1966 ҷои дуюм
1970 ҷои сеюм 1974 ҒОЛИБ
1978 даври дуюми гурӯҳӣ 1982 ҷои дуюм
1986 ҷои дуюм


1990 ҒОЛИБ
1994 1/4 финал 1998 1/4 финал
2002 ҷои дуюм 2006 ҷои сеюм

ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛИИ ОЛМОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ ОЛМОН 2006

Дарвозабонҳо: ЛеманнАрсенал»), КанБавария»), Ҳилдебранд («Штуттгарт»). Ҳимоягарон: Фридрих («Ҳерта»), Ҳут («Челси»), Янсен («Боруссия М»), ЛамБавария»), Мертезакер (« бошгоҳи»), Метселдер («Боруссия»), Новотни («Байер 04»).
Нимҳимоягарон: Михаэл БаллакЧелси»), Боровски («Вердер»), Фрингс («Вердер»), Кел («Боруссия Д»), Шнайдер («Байер 04»), Швайнштайгер («Бавария»), Ҳитслшпергер («Штуттгарт»).
Ҳуҷумкунандагон: Асамоа («Шалке 04»), КлозеВердер»), Нойвилл («Боруссия М»), Подолски («Кёлн»), Ханке («Вердер»), Одонкор («Боруссия Д»).

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]