Тоҳир ибни Ҳусайн
Тоҳири I ибни Ҳусайн | |
821 — 822 | |
|
|
Таваллуд |
776 |
Даргузашт |
822 |
Дудмон | Тоҳириён |
Фарзандон | Талҳа ибни Тоҳир ва Абдуллоҳ ибни Тоҳир |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Тоҳир ибни Ҳусайн (ар. طاهر بن الحسين, мулаққаб ба Зуляминайн (ар. ذوالیمینین); 776, Ҳирот — 822, Марв) — сарлашкари хуросонии халифа Маъмун, бунёнгузори силсилаи Тоҳириён дар Хуросони Бузург, амири тоҳирии Хуросон (821—822).
Ҳукмронӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои ба қудрат расидани халифа Маъмун (813—833) нақши мардуми Хуросон бо сарварии сарлашкар Тоҳир ибни Ҳусайн муҳим буд. Маъмун низ ба подоши ин ҳама хидмат соли 821 Тоҳирро ба вазифаи хеле масъули амири Хуросон (821—822) таъйин намуд. Аммо агар раванди ҳодисаҳои ин давраро хуб баррасӣ кунем, мебинем, ки маҳз авзои он рӯзи Хуросон ва қудрати рӯзафзуни хуросониҳо дар хилофат Маъмунро водор кард, ки чунин фармонеро имзо кунад.
Тоҳир аслан аз Пӯшанг, ки дар наздикии Ҳирот буд, бархоста, бо далериву мардонагӣ ном бароварда буд. Тоҳир ибни Ҳусайн (821—822) амири Хуросон шуд ва шаҳри Марвро пойтахт қарор дод. Муҳимтарин иқдоми Тоҳир дар давраи кӯтоҳи ҳукмрониаш (як солу шаш моҳ) аз зикр накардани номи халифа дар хутбаи намоз буд. Ин амал дар он замон маънои эътироф накардани халифа ё худ даъвои истиқлол карданро дошт. Аммо як рӯз пас аз ин Тоҳир ибни Ҳусайн аз ҷониби ҷосусони халифа, ки теъдодашон хеле зиёд буд, тавассути заҳр додан (ки маъмултарин равиши сулолаи Аббосиёни Хилофати Араб буд), аз миён бардошта шуд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). — Душанбе,2011. -с. 97.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тахир бен-Гусейн бен-Мусаб // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.