Тӯмор

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Plate 03, fig 9. Folk-Lore, vol. 20.png

Тӯмор навиштаи эътиқодие, ки ба матоъе дар шакли секунҷаву чоркунҷа дӯхта шудааст. Тӯмор бо мақсади дифоъ аз чашми бад, зиёни сеҳру ҷоду, шарри одамони бадандеш, барои ҳифзи тандурустӣ, инчунин ба нияти кушоиши кор ва ба даст овардани манфиат навишта мешавад. Мардум ба таъсири фавқулоддаи матни тӯмор эътиқод доранд ва мувофиқи мушкилоти худ аз он истифода мебаранд.

Амулет против чумы.png

Навиштани тӯмор кори ҳар кас нест, онро танҳо муллоҳе, ки аз тарафи оммаи мардум эътироф шудаанд ва онҳое, ки «даму нафас» доранд, навишта метавонанд. Тӯмор навъҳои гуногун дорад, мас., раднома, балогардон, ҳайкал, бозубанд, таштоб, кӯрхат ва ғ. Дар баъзе тӯморҳо дандону нохун, пӯст, мӯй ва пари ҷонвароне, ки дорои хусусиятҳои фавқулоддаанд, ҳамроҳ карда мешаванд.

Эътиқод ба тӯмор решаҳои қадим дошта, ба яке аз шаклҳои ибтидоии дин – фетешизм (ашёпарастӣ) рафта мерасад. Тибқи шариати Ислом эътиқод ба хосияти фавқуттабии ҳар гуна ашё ва тӯморҳо ширк аст.

Адабиёт[вироиш]

  • Муродов О., Дар пардаи сеҳру ҷоду. Д., 1990.