Суннат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Су́ннат (ар. سنة‎) — роҳу равиш, тариқа ва сират ва дар истилоҳи шаръ ба маонии мухталифе омадааст.

Маонии суннат[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Қавл, феъл ва тақрири паёмбар (с)-ро дар умури шаръӣ суннат гӯянд ва он ба ин маъно пас аз Китоб – Қуръон аз адиллаи чаҳоргонаи шаръ ба шумор меравад. Суннат тафсири китоби Худо ва баёнкунандаи қавоиди куллӣ, иҷмол, иҷоз (ихтисор), мушкил ва дигар алфози он аст, 2. дар баробари бидъат ба амале итлоқ гардад, ки бо амалкарди соҳиби шаръ мутобиқ бошад, агар бо он мухолиф бошад, онро бидъат гӯянд, 3. равиши собитшуда аз паёмбар (с ) ва асҳоби ӯ, ба хусус аз хулафо ва чаҳор ёри кибор, дар ҳаёти диниашон ё тариқи маслука дар дин, ғайр аз вуҷуб ва фарз, яъне он чи паёмбар (с) бар он мувозабат варзида ва онро тарк накарда, магар ба нудрат ё саҳоба бар он мувозабат варзидаанд[1] ва ин ҳамон маънои истилоҳии суннат назди уламои фиқҳ аст[2], 4. он амале, ки ҳукми он бо суннат собит шудааст, гарчи аз воҷибот буда бошад, ба монанди намози витр назди имом Абӯҳанифа (рҳ).

Бахшҳои суннат[вироиш | вироиши манбаъ]

Суннат ба маънои аввал ба се бахш ҷудо мешавад: а) суннати қавлӣ ва он умдатарин қисмати суннати расули Худо (с)-ро ба вуҷуд овардааст, б) суннати феълӣ, в) суннати тақрирӣ.

Суннат дар истилоҳи уламои фиқҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Суннат дар истилоҳи уламои фиқҳ амр ва ҳукмест, ки барои анҷом додани он аз сӯи шаръ таъкид ва тавсияҳои зиёде шуда, вале далоили собитсозандаи он ба қатъияти далоили мусбити фарз набуда. Бинобар ин, тарккунандаи он мустаҳиққи азоб намегардад, вале шаръан мавриди маломат ва итоб қарор мегирад. Аммо исрор ва мудовамат бар тарки суннате аз суннатҳои шаръ ва ё суннатҳоро ба таври куллӣ тарк намудан гуноҳ ва мӯҷиби иқоб аст. Суннат ба ин маъно қисме аз мандуб ва бахше аз аҳкоми таклифии шаръ дар баробари фарз, воҷиб ва ғ. аст ва дар ин ҳол агар тарки он макрӯҳ бо кароҳати таҳримӣ бошад, суннати муаккада ва ё суннати ҳудо хонда шавад, ба монанди азону иқомат ва намози ҷамоат ва агар таркаш кароҳияте надошта бошад, суннати завоид номида шавад, ба монанди мисвок кардан.

а) Суннати муаккада он амри шаръӣ ва корест, ки расули Худо (с) онро бо мудовамат анҷом дода ва ҷуз як-ду маврид онро тарк накардааст, ба монанди ду ракъат суннати қабл аз фарзи намози бомдод. Гоҳе ба суннатҳои муаккада вақте такмилкунандаи воҷиботи динӣ ва ё ба ҳайси муқаддимае барои онҳо машруъ гардида бошанд, сунани ҳудо низ гуфта шавад, ба монанди азону иқомат, ки мукаммили намозҳои фарз ва шиори исломанд ва тарккунандаи онҳо ба гумроҳӣ мансуб ва ба маломати шаръ дучор мегардад. Ҳукми ин навъ суннат воҷиб ё наздик ба воҷиб аст ва тарки он макрӯҳи таҳримӣ ё исоат аст.

б) Суннати завоид, ки дар боби ибодатҳо ба он суннати ғайри муаккада низ гуфта мешавад, он ибодат, амал ва амри шаръиест, ки расули Худо (с) ба мисли суннатҳои муаккада бар он мувозабат, таоҳуд ва таъкид нафармуда ва барои тахфиф бар умматаш онро борҳо тарк кардааст, ба монанди намози зуҳо – чошт, чаҳор ракъат намози пеш аз фарзи аср ва дигар суннатҳои завоид. Корҳои одӣ – ғайри даъватии расули Худо (с) дар ҳаёти ҳаррӯзааш ва раванди зиндагонии он Ҳазрат (с) низ, ба монанди одоби хӯрдану нӯшидан, либос пӯшидан, хоб рафтан, таёмун (аз рост шурӯъ кардани ҳар коре), ҳаракат дар роҳ ва ғайра назди муҳаддисон ва сиранигорон бахше аз сунани завоид ба шумор мераванд ва ба он суннати одат низ гуфта мешавад. Пайравӣ аз расули Худо (с) дар ин корҳо мустаҳаб мебошад ва ниҳояти дилбастагии шахсро ба ӯ нишон медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Пайравӣ аз суннат – равиши динӣ ё тариқи маслукаи саҳобаи расули акрам (с) дар дин воҷиб аст, зеро суннати онҳо тобеи суннати паёмбар (с) аст. Расули Худо (с) мефармояд: «Касе аз шумо, ки пас аз ман зинда бошад, ихтилофи бисёре бинад. Пас суннати ман ва суннати хулафои рошид ва маҳдӣ (раҳёфта ва ҳидоятшуда)-и маро бар худ лозим гиред, ба он тамассук ҷӯед ва онро бо дандонҳо нигоҳ доред ва аз муҳдасоти умур – корҳои навпайдо (дар дин) дурӣ намоед, ки ҳар (кори) навпайдое бидъат ва ҳар бидъате гумроҳӣ аст!» (Сунани Абӯдовуд, 4607; Муснади имом Аҳмад, 17275 (17145). Дар Мишкоти шариф аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят шуда ки фармуд: «Касе амал ба суннат ва пайравӣ аз онро бихоҳад, пас ба суннати касоне амал ва аз он пайравӣ кунад, ки даргузаштаанд, ки зиндагон аз фитна эмин набошанд. Онҳо саҳобагони Муҳаммад (с) афзал, покдилтар, боилмтар ва камтакаллуфтарини ин уммат буданд. Онҳоро Худои таъоло барои суҳбати паёмбараш (с) ва барпо сохтани динаш баргузид, пас фазли эшонро бишиносед, онҳоро бар асарашон пайравӣ намоед ва ҳарчи метавонед ба ахлоқ ва сираи эшон тамассук ҷӯед, ки онҳо бар роҳи рост буданд!» (Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, маъруф ба Хатиби Табрезӣ. Мишкотулмасобеҳ, 193. – Ҷ. 1. - Бейрут, 1996).
  2. Суннат гарчи дар истилоҳ ба маонии зикршуда дар матн ихтисос ёфта, вале асоси назарӣ ва таҳдоби амалии он ба андозае густарда аст, ки тамоми абъоди фарҳанг ва тамаддуни исломиро, аз фиқҳ, тафсир, илми ахлоқ, ирфон ва фалсафаи исломӣ дар бар мегирад, ҳувийятҳои мухталифи фикрӣ, мактабӣ ва амалии мавҷуд дар ҷаҳони ислом ба гунае ба он истинод мекунанд ва он ба унвони мадлули муштараке барои шаклгирии андешаи динӣ ва зуҳур (таҷассум)-и ҳувийяти фикрӣ, амалӣ ва сулукии онҳо амал мекунад. Ба таври мисол, орифон ва аҳли тасаввуф бар буъди ирфонии андеша ва амали исломӣ таъкид дошта, суннатро шомили маънавият (рӯҳоният)-и паёмбари акрам (с) ва бозтоби арзишҳое дар зиндагии вай, аз қабили эътилои нафс ва зикри Худо дар дил, медонистанд. Бар пояи таълимоти бузургони тариқат, ҳаёти маънавии паёмбар (с) сармашқи амалӣ ва намунае айнӣ барои шахси мусалмон аст ва мас., дар шабзиндадориҳои он ҳазрат (с) метавонад барои камоли маънавӣ ва тазкияи нафси худ намуна ва роҳе биҷӯяд. Аҳодиси қудсӣ, яъне ривоёте аз паёмбар (с), ки шомили суханони илоҳӣ ҳастанд, назди орифон дар таҷассуми буъди ирфонии суннат ва нақши он дар тарғиб ба тақво, ихлос ва касби маънавиёт аҳаммияти хоссе доранд. Илова бар ин, таҳқиқот ва ковишҳои илмии донишмандони ислом дар мафҳуми суннати паёмбар (с) барои ба ёд супурдани паҳлуҳои гуногуни зиндагонии он ҳазарт (с) ба шаклгирӣ ва бинои дақиқи достони зиндагии паёмбар (с) бо номи сираи паёмбар (с) ё сираи набавӣ анҷомид (Доиратулмаорифи ҷаҳони навини ислом (зери таҳрири Ҷон. Л. Испозито) [Esposito. John L. The Oxford Encyclopedia of the Modern Islamic World. 1955], тарҷимаи форсӣ бо таҳқиқ ва зери назари Ҳасан Торимӣ ва ҳамкоронаш. – Ҷ. 3, зайли моддаи «суннат»).

Сачашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Д., 2017.