Jump to content

Факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Факултети иқтисод ва идора
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
9-умин бинои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе, ки Факултети иқтисод ва идора то соли 2020 онҷо буд
9-умин бинои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии шаҳри Душанбе, ки Факултети иқтисод ва идора то соли 2020 онҷо буд
Соли асосгузорӣ 1954
Садр Ҳисайн Исайнов
Мавқеи
ҷойгиршавӣ
Тоҷикистон, Душанбе, Лоҳутӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 9-ум бинои таълимӣ
Сайти расмӣ http://fem.tnu.tj

Факултети иқтисод ва идора (аз 1996) — яке аз факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки соли 1954 таъсис шудааст.

Таърихи таъсис

[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултети ҳуқуқу иқтисодӣ дар заминаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин соли 1954 таъсис шуд[1]. Дар ин сол кафедраи иқтисодиёти соҳаҳо ташкил гардид, ки дар он 3 муаллими штатӣ — академик И. Қ. Нарзиқулов, дотсент К. С. Сангинов, лаборант ва аспирант А. Ҷ. Вафоев (аз соли 1955) кор мекарданд. Аввалин мудири ин кафедраи факултет И.Қ.Нарзиқулов буданд (солҳои 1954—1971). Аввалин декани ин факултет В. Г. Гранберг буд.

Дар соли хониши 1956—1957 бо шарофати кӯшишҳои ректор Ибодулло Нарзиқулов дар ҳайати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин факултети иқтисодии ҷудогона бунёд ёфт. Байни солҳои 1960—1970 академик Р. К. Раҳимов, дотсент Ҳ. Қ. Қурбонов, Е. И. Дубровин низ ба ҳайси мудири аввалин кафедраи факултети иқтисодии навтаъсис кор кардаанд.

Аз соли 1960 кафедраи иқтисоди соҳаҳо ба ду кафедраи мустақил — кафедраи иқтисоди саноат ва кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва савдо (мудир — Н. С. Назарова) ҷудо гардид. Дере нагузашта кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва савдо низ ба ду кафедраи мустақил — кафедраи иқтисоди кишоварзӣ ва кафедраи иқтисоди савдо тақсим шуд. Сараввал, мудири кафедраи иқтисоди кишоварзӣ М. Ҷ. Ҷумаев ва баъдтар Э. С. Севликянс буданд. Нахустин мудири кафедраи иқтисоди савдо Н. С. Назарова, баъдтар дотсент С. Ҳабибов таъйин шуданд.

Дар соли 1980 факултети иқтисодӣ ба ду факултети мустақил — факултети баплангирӣ-иқтисодӣ ва молиявӣ-баҳисобгирӣ ҷудо шуд. Дар соли 1991 факултети банақшагирӣ-иқтисодӣ ба факултети тиҷорату идоракунӣ номгузорӣ шуд. Дар моҳи октябри соли 1985 кафедраи системаҳои ахборӣ дар иқтисодиёт ба ҳайати факултет дохил карда шуд. Бо сабаби пайдоиши самтҳо ва ихтисосҳои нав дар моҳи июни соли 1996 факултет ба худ номи факултети иқтисод ва идораро гирифт.

Сохтори факултет

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сохтори факултет аз садорат, Шӯрои олимон, 7 кафедра, лабораторияҳои компютерӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, кумитаи иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандон, кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, созмони ҷавонон ва ҷамъияти илмии донишҷӯён иборат аст.

Дар сохтори факултет инчунин Шӯрои занон ва духтарон, Шӯрои кураторон, Шӯрои падару модарон, Шӯрои олимон ва муҳақиқони ҷавон низ амал мекунанд. Се лабораторияҳои компютерӣ барои бо донишҷӯён гузаронидани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ аз фанҳои технологияҳои ахборӣ, информатика ва инчунин барои кор дар шабакаи Интернет ва китобхонаи электронӣ тариқи ройгон барои омӯзгорон ва донишҷӯён мувофиқ кунонида шудааст. Як лабораторияи илмӣ-тадқиқотии «Рушди босубот» (таҳти роҳбарии профессор Ҳаёт Одинаев) ба тадқиқу омӯзиши масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии идоракунии истифодаи обҳои байнисарҳадӣ ва таҳкими ҳамгироии (интегратсияи) обу энергетикии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ махсус гардонида шудааст.

Факултет аз кафедраҳои иқтисоди миллӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ, менеҷмент ва маркетинг, системаҳои иттилотӣ дар иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ амал иборат аст.

Дар кафедраҳои факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:

  • 26010300 — танзими давлатии иқтисоди миллӣ;
  • 25010700 — иқтисодиёт ва идоракунии корхонаҳо;
  • 40010202 — технология ва низоми иттилоот (дар иқтисодиёт);
  • 25010701 — иқтисодиёти меҳнат;
  • 25010715 — иқтисод ва идораи КАС;
  • 26020200 — менеҷменти ташкилот;
  • 26020300 — маркетинг;
  • 26020203 — менеҷменти инноватсионӣ;
  • 26010101 — идоракунии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ.

Сарварони факултет

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Дар бораи факултет. 18 Декабри 2024 санҷида шуд.