Хайрулло Сайфуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хайрулло Сайфуллоев
Сайфуллоев Хайрулло Ғайбуллоевич
Таърихи таваллуд 22 феврал 1948(1948-02-22) (76 сол)
Зодгоҳ Турсунзода, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент

Хайрулло Сайфуллоев (Сайфуллоев Хайрулло Ғайбуллоевич тав. 22 феврали 1948, деҳаи Лаби Ҷӯйи ноҳияи Турсунзода), забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (1981), дотсент (1983).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хайрулло Сайфуллоев 22 феврали соли 1948, деҳаи Лаби Ҷӯйи ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст. Соли 1970 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро бо ихтисоси муаллими забони олмонӣ хатм кардааст. Солҳои 1970-1973 ассистенти кафедраи забони олмонии донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1976-1979 аспиранти шуъбаи ленинградии Институти забоншиносии АИ ИҶШС буд. Соли 1980 Донишгоҳи марксизм-ленинизмро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст. Солҳои 1979-1980 ҳамчун муаллими калони кафедраи забони олмонӣ, 1980-1983 муовини декани факултети забонҳои хориҷӣ оид ба корҳои тарбиявӣ, 1983-1998 дотсент ва мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Ҳамзамон солҳои 1985-1992 муҳаррир ва ровии бахши олмонии барномаи “Ахбору мусиқӣ бо забони олмонӣ” дар радиои Тоҷикистон буд. Солҳои 1998-2003 ба ҳайси мудири кафедраи забони олмонӣ, 1999-2006 декани факултети филологияи романӣ-германӣ, 2006-2008 мудири кафедраи лингводидактика, 2007-2008 декани факултети забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2008 то ба имрӯз дотсенти кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он дар донишгоҳи зикргашта мебошад. Инчунин Раиси Ассотсиатсияи омӯзгорони забони олмонии ҷумҳурӣ, Раиси Ҷамъияти дӯстии “Тоҷикистон-Олмон” ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ оид ба услуб, расму оин ва типологияи муқоисавии забонҳои тоҷикию олмонӣ, аз ҷумла “Забони олмонӣ барои синфи 5” (2008), “Забони олмонӣ барои синфи 7” (1992), “Забони олмонӣ барои синфи 8” (1998), “Забони олмонӣ барои синфи 9” (2009), “Забони тоҷикӣ барои олмониён”, қисми 1 (Бамберг - 1997), “Забони тоҷикӣ барои олмониён”, қисми 2 (Клагенфурт - 1998), “Муҳовараи тоҷикӣ-олмонӣ” ҷилдҳои 1 ва 2 (Клагенфурт - 1998), хрестоматияи “Қиссаҳои ду фарҳанг” (Клагенфурт - 2002) мебошад. Дар мақолаҳояш зудомӯзии забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ, тарзҳои шавқовар гузаронидани дарсҳои забони олмонӣ ба тоҷикон ва забони тоҷикӣ ба олмониён, расму оини тоҷикону олмониён инъикос гардидаанд. Зери таҳрири ӯ ва Л. Жеҳак (аз Олмон) бо ҳамкории Б. Арипова, А. Сангинов ва Н. Шозедов луғати “Тоҷикӣ-олмонӣ” (2010) дар ҳаҷми 55 ҳазор калимаю ибора чоп шудааст[1][2]. Дар тайёр намудани ҳазорҳо мутахассисон саҳми бевоситаи худро гузоштааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хидматҳои арзандааш бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (1992), ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳизби коммунисти Тоҷикистон, раҳматномаҳои Консули генералии ИҶШС дар шаҳри Лейпсиги Олмон, Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Erzählungen aus zwei Kulturen. Tadschikische und deutsche Märchen, Sagen und Schwänke zweispachig» (Қиссаҳои ду фарҳанг) - Hairullo Saifulloev, Franz Dotter; Клагенфурт, 2002[3];
  • Мосты дружбы, Д., 2005;
  • Методика обучения произношению и фиксации ошибок в речи учащихся // Вестник Педуниверситета, № 1, 2008;
  • Мноязычие и вопросы преподавания немецкого языка в суверенном Таджикистане // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, № 1, 2008;
  • Deutschunterricht in mehrsprachigen Tadschikistan (Geschichte und Gegenwart). – Beitrag für die Zeitschrift, 2009;
  • Луғат немисӣ-тоҷикӣ, Д., 2010;

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Немецко-таджикский словарь: в Душанбе реализован замысел "таджикского Штирлица". dw.com (23 сентябри соли 2010). 23 марти 2022 санҷида шуд.
  2. Каким он был - «Таджикский Штирлиц». tajinfo.ru. 23 марти 2022 санҷида шуд.
  3. В БЕРЛИНЕ ПРОШЕЛ ВЕЧЕР ТАДЖИКСКОЙ СКАЗКИ. sogdiana.tj (24 феврали соли 2015). 23 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 октябри 2021.