Хушбахт Абдуназаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хушбахт Абдуназаров
Хушбахт Абдуназаров
Таърихи таваллуд 7 апрел 1946(1946-04-07) (77 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон

Хушбахт Абдуназаров (7 апрели 1946, ноҳияи Темурмалик) — муаррих, доктори илми таърих (2009), профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Техникуми тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе (1966) ва факулети таърихи УДТ (1973, ғоибона). Дар мактаби зодгоҳаш аввал муаллим ва баъд директор буд. Раиси ҷамоати деҳоти Қушқияи ноҳияи Совет (1993 – 08), омӯзгор, дотсенти кафедраи илмҳои ҷамъиятӣ, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав. Аз соли 2008 мудири кафедраи таърихи умумии ҳамин донишгоҳ.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Доир ба таърихи даврони шӯравии Тоҷикистон беш аз 50 асари илмӣ, илмию оммавӣ, дастурҳои таълимию методӣ таълиф намудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Деятельность Компартии Таджикистана по атеистическому воспитанию трудящихся (1971-1980). – Д., 1986;
  • Хатлон кизи. – Д., 1999 (ҳаммуаллиф);
  • Колхозобод – маркази тамаддуни Вахшонзамин. – Д., 2002 (ҳаммуаллиф);
  • Саҳифазо аз таърихи Вахшонзамин. – Д., 2003;
  • Становление и развитие общественного животноводства в Таджикистане (1924-1991): Автореф. доктора истор. наук. – Д., 2009;
  • История животноводства Таджикистана: опыт и проблемы. – Д., 2006;
  • История животноводства Таджикистана (1920-1965 гг.). – Д., 2009 ва диг.

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.