Шариф Бедаков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шариф Бедаков
Шариф Камолович Бедаков
Таърихи таваллуд 1956(1956)
Зодгоҳ шаҳри Кӯлоб
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Шариф Бедаков – навозанда, оҳангсози суннатӣ.Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи (1973) мактаб-интернати махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ (ҳоло ба номи М.Атоев) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1978, ғиҷҷакнавоз бо тахассуси дирижёри оркестри созҳои халқӣ) ҳанӯз дар мактаб ба навиштани мусиқӣ рағбат пайдо мекунад, вале композитсияро ба таври ҷиддӣ дар донишкада дар назди профессор Абдуфаттоҳ Одинаев меомӯзад. Фаъолияти меҳнатиро овони донишҷӯӣ, соли 1976 ҳамчун омӯзгор дар Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (ҳоло ба номи А.Бобоқулов) ва аз соли 1978 – навозандаи оркестри созҳои халқии Кумитаи давлатии телевизион ва радио оғоз намудааст. Марҳилаи дигар ба шаҳри азизи ӯ – Кӯлоби бостонӣ алоқаманд буд. Аз соли 1980 то 1988 – омӯзгор ва мудири қисми таълимии мактаби бачагонаи мусиқии № 1, солҳои 1988-2004 сардирижёри театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи С.Вализодаи Кӯлоб. Ҳангоми кор дар театр вай қувва ва нерӯи зиёдро ба эҷоди мусиқӣ барои театр сарф мекунад. Барои панҷ намоишномаи театри вилоятӣ, аз ҷумла «Мири Кабир» (аз рӯи пйесаи Маҳзун), «Саргузаштҳои Мавлоно Шариф» (пйесаи Айюбӣ), «Бобои Барфӣ, биё» (аз рӯи сюжети Маҳзун) мусиқӣ эҷод мекунад. Мусиқие, ки барои намоишномаи «Навҳаи Таҳмина» бо савти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, соли 1995 барои театр-студияи «Авесто»-и шаҳри Кӯлоб эҷод гардида буд, сазовори мукофоти якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» гардид. Ҳакамон, ки дар ҳайати он раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Д.Дӯстмуҳаммадов буд, баланд арзёбӣ намуд. Вай Шариф Камоловичро қотеона тавсия намуд, ки ба ташкилоти эҷодии композиторон шомил гардад. Дар давраи фаъолияти ӯ дар Кӯлоб истеъдоди Шариф Бедаков ҳамчун композитори сурудсаро ба таври хоса зоҳир гардид. Сурудҳои ӯ ба таври доимӣ ба репертуари ҳофизони маҳаллӣ ворид гардида, дар байни мухлисони суруди тоҷикӣ маҳбубият пайдо намуда, хеле машҳур гардиданд. Сурудҳояш хеле хушоҳанг, аз нигоҳи овозу оҳанг ба мусиқии халқӣ наздик ва дорои асоси метроритмикӣ будани онҳо шаҳодат медиҳад, ки композитор ғановати мусиқии тоҷикиро ба таври амиқ дарк намудааст. Ин ба ӯ имкон медиҳад, ки зарбҳои мураккаби тоҷикиро ба таври худ шарҳ диҳад, оҳангҳои зеботарин эҷод кунад, композитсияҳои мураккаби асарҳои мусиқиро офарида, ҳамзамон таносуби мантиқии онҳоро нигоҳ дорад. Барои забони мусиқии композитор Шариф Бедаков хушоҳангии аҷиб, форамии лирикӣ хос аст. Соли 2005 Ш.Бедаков ба сифати роҳбари мусиқии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода даъват карда мешавад, ки дар он то имрӯз фаъолият менамояд. Дар ҷараёни кор бо ин ансамбл вай бисёр асарҳои жанри рақсӣ эҷод мекунад, ки аз ҷумла «Парвози орзу», «Масти баҳор», «Нозанин», сюитаи панҷқисмаи «Лола», сюитаи «Хатлон» иборат аз 6 қисм, сюитаи сеқисмаи «Чорзарб», инчунин сюита барои бачаҳо – «Шабпарак» (дар 2 қисм), «Бозӣ-бозӣ» (дар 3 қисм), «Дабистон» (дар 2 қисм), якчанд силсилаасарҳои 5-7 қисма, беш аз 10 сюитаҳои 2-3 қисма ва ғайра. Вале жанри асосии эҷодиёти ӯ суруд аст. Онҳо беш аз 220-то мебошанд, ки нисбатан маъмул «Кӯлоби ман» (шеъри С.Вализода), «Бе Тоҷикистон нест – нест» (шеъри Ю.Аҳмадзода), «Чархофалако» (шеъри халқ), «Мӯи дарозат канӣ?» (шеъри Зариф Ибод), «Лаби гармат» (шеъри Х.Вализода), «Зор бимирам» (шеъри Х.Раҳмонӣ), «Тоҷикистон» (шеъри К.Суфиё), «Куҷо будӣ?» (шеъри С.Султон), «Мо масти ҷамоли ӯ», «Сайқал» ва «Ё ҳар ду» (ба шеърҳои Н.Шуғнонӣ), «Тоҷикистон» (шеъри Н.Барот), «Ё раб!» (шеъри Н.Аваз), «Савганд» (шеъри А.Давлатшоҳ), «Ватан бо ман» (шеъри М.Шариф), «Тоҷикистон» (шеъри Маҳваш) ва бисёр дигарон мебошанд. Композитор Ш.Бедаков бо бисёр ҳофизони номӣ, аз ҷумла Сурайё Қосимова, Парда Қосимов, Шабнами Сурайё, Парвина Шукруллоева, Мастона Эргашева, К.Ҷӯраев, З.Нуров, М.Рустам ва бисёр дигарон ҳамкорӣ менамояд. Айни замон Шариф Бедаков дар назди ансамбли «Лола» ансамблҳои баландихтисоси навозандагони касбиро таъсис додааст. Ин ансамбли таҷрибавӣ бо иҷроиши тоза, санъати устодонаи иҷрокунандагӣ фарқ намуда, қодир аст, ки техникаи мумтозонаро бо нозуктарин тобишҳои лирикаи хушнаво намоиш диҳад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Мири Кабир», аз рӯи пйесаи Маҳзун.
  • «Саргузаштҳои Мавлоно Шариф», пйесаи С.Айюбӣ.
  • «Бобои Барфӣ, биё», пйесаи Маҳзун.
  • «Навҳаи Таҳмина», аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Нафаси баҳор».
  • «Дуторӣ».
  • «Шикаста».
  • «Парвози орзу».
  • «Масти баҳор».
  • «Нозанин».
  • «Лола», сюитаи панҷқисмаи рақсӣ.
  • «Хатлон», сюита иборат аз 6 қисм.
  • «Дӯстӣ», сюита.
  • «Чорзарб», сюитаи сеқисма.
  • «Шабпарак», сюита барои бачаҳо, иборат аз 2 қисм.
  • «Бозӣ-бозӣ», сюита барои бачаҳо дар 3 қисм.
  • «Дабистон», сюита барои бачаҳо, иборат аз 2 қисм.

Сурудҳои мунтахаб[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Кӯлоби ман», шеъри С.Вализода.
  • «Бе Тоҷикистон нест – нест», шеъри Ю.Аҳмадзода.
  • «Чархо фалако», шеъри халқӣ.
  • «Мӯи дарозат канӣ?», шеъри Зарифи Ибод.
  • «Лаби гармат», шеъри Х.Вализода.
  • «Зор бимирам», шеъри Х.Раҳмонӣ.
  • «Тоҷикистон», шеъри К.Суфиё.
  • «Куҷо будӣ?», шеъри С.Султон.
  • «Мо масти ҷамоли ӯ», «Сайқал», «Ё ҳар ду», шеърҳои
  • Н.Шуғнонӣ.
  • «Ё раб!», шеъри Н.Аваз.
  • «Савганд», шеъри А.Давлатшоҳ.
  • «Ватан бо ман», шеъри М.Шариф.
  • «Тоҷикистон», шеъри Маҳваш ва диг.</ref>[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c c 49-52