Ширкаду
Зоҳир
Ширкаду — навъи таом, ки аз давраҳои қадим дар байни тоҷикон маъмул аст. Тарзи омода кардани ширкаду дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон тақрибан ҳамгун мебошад. Кадуи расидаро аз пӯсту дона ҷудо карда мешӯянд ва онро, маъмулан, чоркунҷа пора карда, ба деги обдор меандозанд ва меҷӯшонанд. Ҳамин ки каду нимпаз шуд, ба дег шир андохта, боз 8–10 дақиқа меҷӯшонанд. Сипас, оташро хомӯш карда, то каме хунук шуданаш 15–20 дақиқа нигоҳ медоранд. Хӯроки омодаро ба косаҳо мекашанд.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |