Шуллук

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Шуллук

Шуллук (лотинӣ: Hirudo medicinalis), зуллук, як навъ кирми ҳалқашакл. Аз қадимулайём чун воситаи хунгирӣ ва рафъи лахтабандии хун истифода мешавад. Зеро моддае, ки дар ғадудҳои оби даҳони Ш. вуҷуд дорад, лахташавии хунро суст менамояд. Бадани Ш. паҳн, баъзан устувонашакл буда, аз 33 ҳалқа (сегмент) иборат аст; рангаш сиёҳ, сабзтоб. Ш.-ҳо ду узви макканда (пеш ва қафо) доранд. Ковокии дуюми бадани Ш. содда шуда, фазои байни узвҳо бо мезенхима пур гаштааст. Дар қисми пеши системаи ҳозима ҷоғ ё хартумча дорад. Ш. бо пӯст нафас мегирад. Он ҷонвари хунмак буда, хун ва шираи бадани ҳайвоноти бемӯҳраю мӯҳрадорро мемакад. Кирми хунсо (гермофрадит) аст. Ш.-ҳоро дар банкаи шишагини обаш тоза, ки даҳонашро бо дока сахт бастаанд, нигоҳ медоранд. Оби онро ҳар шаборӯз як бор иваз мекунанд, то ки аз луоб тоза шавад. Ш.-ро барои муолиҷаи баъзе бемориҳои раг, лахтабандии аз ҳад зиёди хун ва ғ. фақат бо таъиноти духтур истифода мебаранд. Онро корманди махсуси тиббӣ ба рӯи пӯст мегузорад. Ҳар як Ш. дар давоми 0,5 – 1 соат 10 – 15 мл хунро макида, баъд меафтад. Агар худаш наафтад, латтачаи ба спирт таркардаро ба сараш мерасонанд. Баъди афтидани Ш. ҷои захмро бо латтаи тоза мебанданд; аз ҷои захми Ш. 6 – 24 соат (баъзан бештар) хун меравад. Азбаски бандина хунолуд мешавад, аз болои он пахта монда, боз мебанданд ва бе иҷозати ҳамшираи тиббӣ онро намекушоянд. Барои пешгирии оқибатҳои номатлуб худтабобат бо Ш. манъ шудааст. Ш.-ҳо барои истифодаи дубора кор намеоянд. Ниг. низ Гирудотерапия.