Юрий Гагарин
12 апрел - Рӯзи кайҳоннавардӣ. Рӯзи 12 апрели соли 1961 соати 9-07-и пагоҳирӯзии вақти Москва кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» аз космодроми «Байконур» гирди сайёраи замин парвози мадориро ба амал овард. Дар сатҳи киштӣ Юрий Гагарин муддати дар 108 дақиқа дар кайҳон парвоз кард. Дар давоми парвозаш дар киштии кайҳонӣ Юрий Гагарин хӯрок хӯрд, нӯшид ва хоб кард. Юрий Гагарин аввалин шахсест, ки бо чашми худ дид, ки Замин гирд аст. Расме, ки ӯ дар кайҳон дида буд, хеле зебо буд. «Офтоб дар кайҳон нисбат ба Замин бештар дурахшон аст. Ситораҳо дурахшонтар ва равшантар будаанд», -гуфта буд Юрий Гагарин. Барои ин парвозаш дар фазои кайхон ба Юрий Гагарин уновни Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва рутбаи майор дода шуд. Парвози Юрий Гагарин саҳифаи нави таърих дар кайҳонро кушод. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ин рӯзи хотирмон бо фармони Президиуми Шӯрои Олӣ Иттиҳоди Шӯравӣ аз санаи 12 апрели соли 1962 муқаррар гардид. Бояд гуфт, ки аввалин кайҳонаварди шӯравӣ Ю.Гагарин 9-уми марти соли 1934 дар вилояти Смоленски Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Ҳангоми омодагӣ ба парвози аавалин ба кайҳон ғайр аз Гагарин боз 20 нафар довтлаб буд. Онҳо аз байни дидбонҳои (летчикҳои) қиркунанда интихоб шуда буданд. Аз байни 20 нафар довталаб 6 нафар интихоб гардида буд. Вале дар лаҳзаҳои охирон Юрий Гагарин интихоб мешавад.
