Яккабед

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

ЯККАБЕДдеҳа дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 20 км. Аҳолиаш 856 нафар (2010), тоҷикон. Аз 105 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, 2 мағозаи хусусӣ, хонаи саломатӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо ба воситаи лӯлаҳо обёрӣ мешаванд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.