Яҳёи Себак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Яҳёи Себак
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1448[1][2]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ

Муҳаммад Яҳё Себаки Нишопурӣ (форсӣ: محمد یحیی سیبک نیشابوری‎; Нишопур1448[1][2]) — шоир, нависанда, хаттот ва арӯздони форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хоҷа Муҳаммад Яҳёи Себак, ки дар аввал Таффоҳӣ тахаллус мекард ва баъд онро ба Фаттоҳӣ бадал намуд, бо тахаллусҳои Асрорӣ ва Хуморӣ ҳам шеър мегуфтааст. Вай дар охирҳои асри XIV дар Нишопур ба дунё омада, баъди гирифтани маълумоти ибтидоӣ ба Самарқанд меояд ва дар ин ҷо касби камол карда муддати зиёде он ҷо мемонад. Вай чандин навъи хаттро хуб навишта, дар арӯзу бадоеъи шеърӢ ва илмҳои дигар хеле моҳир будааст. Бо Улуғбек дӯст будааст. Дар Самарқанд «Ҳусн ва Дил»-ро, ки аввалан ба наср навишта буд, ба назм мекашад ва баъди итмоми он ба ватани худ баргашта, соли 1449 дар Нишопур вафот мекунад.

Яҳёи Себак ба ғайр аз «Ҳусн ва Дил» ғазалиёти иборат аз се ҳазор байт маснавиҳои «Даҳома», «Таъбири хоб» низ доштааст. Китоби мансури ахлоқии ӯ «Шабистони хаёл» (соли таълифаш 1439 — 40) хеле машҳур аст. Бо номи Асрорӣ ва Хуморӣ ҳам асаре бо услуби «Канз-ул-иштихо», аз осори Абӯисҳоқи Атъима доштааст.

Ташбеҳи мутлақ

Саломе ҳамчу ҳусну аҳди ёрон,
Саломе чун дили умедворон

Ташбеҳи измор

Ман аз чун оташам аз ашки ташвир
Дами сард аз чи шуд чун боди шабгир?

Достони «Ҳусн ва Дил»[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин асар, ки аз рӯи қаҳрамонҳои асосияш Ҳусн ва Дил бо ин ном машҳур аст, аслан «Дастури ушшоқ» ном дошта, соли 1436 навишта шудааст. Асар тақрибан панҷ ҳазор байтро фаро мегирад. Баъди навишта шудани достони Яҳёи Себак ин мавзӯъ дар адабиёти мардуми Шарқи Миёна шуҳрат ёфта, дар пайравии он достонҳои зиёде навишта шудааст.

Достони «Ҳусн ва Дил» достони рамзӣ буда, эҳсосоти инсонӣ ва сифатҳои маънавии он чун қаҳрамонҳо баромад мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]