Ғазолии Машҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абусаид Аҳмад Ғаззолии Тӯсии Машҳадӣ
Зодгоҳ: Машҳад
Таърихи даргузашт: 1574
Шаҳрвандӣ: Эрон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: порсӣ

Аҳмад Ғаззолии Тӯсии Машҳадӣ (Машҳад1574) — аз шоирони қарни даҳуми ҳиҷрӣ ва муосиру ҳамдавраи Урфии Шерозӣ, Муҳташами Кошонӣ ва Ваҳшии Бофқӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғаззолии Машҳадӣ дар соли 995 ҳ.қ. аз дунё рафт. Вай дар ҷавонӣ ба дарбори ҳукумати Сафавӣ роҳ ёфт. Сипас ба Ҳиндустон гурехт ва мавриди тавҷуҳи Ҷалолиддин Акбар қарор гирифт.

Мероси адабӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Девони шеър ва ғазалиёти вай борҳо дар Ҳинд ва Эрон чоп шудааст. Аз муҳимтарин таълифоти ин шоири бузург бояд ба маснавиҳои «Нақши бадеъ» ва «Мирот-ул-коинот» ишора кард.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Султон гӯяд, ки нақди ганҷинаи ман,
Сӯфӣ гӯяд, ки далқи пашминаи ман.
Ошиқ гӯяд, ки доғи деринаи ман,
Ман донаму ман, ки чист дар синаи ман.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Забебуллоҳи Сафо. Таърих адабиёт дар Эрон.-ҷ.5/2.-Теҳрон, 1371.-с.700