Қаторкӯҳи Туркистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаторкӯҳи Туркистон
?
Мушаххасот
Дарозӣ
  • 340 км
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ5 621 м
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Қаторкӯҳи Туркистон — қаторкӯҳест дар силсилаи кӯҳҳои Ҳисору Олой, дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбакистон.

Аз шарқ ба ғарб (аз банди кӯҳи Масчо, ки бо қаторкӯҳи Олой пайваст аст, то наздики қалъаи Фармонтеппа) ба масофаи қариб 340 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 5509 м, дар интлҳои шарқӣ то 5621 м. Асосан аз варақсанг, регсанг ва оҳаксанг таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳои қисми шарқи қаторкӯҳ пиряхҳо (калонтаринашон Зарафшон) мавҷуданд. Дар нишебиҳои шимолӣ ва ҷанубӣ ҷо-ҷо арчазорҳо ҳастанд. Ба воситаи ағбаи Шаҳристон (3378 м) роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд мегузарад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]