Jump to content

Қосим Роҳбар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қосим Қосимов)
Қосим Роҳбар
Қосимов Қосим Роҳбарович

Таваллуд 3 октябр 1964(1964-10-03) (60 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Касб агроном
Ҷоизаҳо
Ордени Исмоили Сомонӣ
Ордени Дустӣ

Қосим Роҳбар (Қосимов Қосим Роҳбарович; зод. 3 октябри 1964, шаҳри Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қосим Роҳбар 3 октябри 1964 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Ленинобод дар хонаводаи арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ Роҳбар Қосимов ба дунё омадааст. Соли 1986 факултаи агрономии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст.

  • 1986—1989 — Агрономи колхози «40-солагии Октябр»-и ноҳияи Хуҷанд
  • 1989—1991 — Котиби дуюми комитети комсомоли ноҳияи Хуҷанд
  • 1991—1992 — Мудири шуъбаи ташкилии комитети комсомоли вилояти Ленинобод
  • 1992—1994 — Раиси Шӯрои ташкилоти вилоятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд
  • 1994—1996 — Раиси ноҳияи Хуҷанд
  • 1996—2006 — Раиси вилояти Суғд
  • 2006—2008 — Раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд
  • 2008 — Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2008—2015 — Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 2015—2022 — Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • 27 январи соли 2022—15 апрели соли 2024 — раиси шаҳри Ҳисор[1].

Барои хидматҳои шоён аз тарафи давлату ҳукумат бо ҷоизаҳо ва унвонҳои зиёд сарфароз гардидааст.

  • Соли 1998 бо «Ордени дӯстӣ»;
  • Cоли 2002 Медали ҷашнӣ бахшида ба 10-солагии ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Соли 2006 Ифтихорномаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Cоли 2006 «Ордени Исмоиои Сомонӣ» дараҷаи II;
  • Cоли 2012 Медали ҷашнӣ бахшида ба 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои давлативу соҳавӣ мукофотонида шуда, ҳамзамон аълочии маориф, фарҳанг, тандурустӣ, узви Иттифоқи архитекторон ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.