Ҳабиб Аҳрорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳабиб Аҳрорӣ
Таърихи таваллуд: 15 август 1913(1913-08-15)
Зодгоҳ: Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт: 30 ноябр 1983(1983-11-30) (70 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II Ордени Ситораи Сурх
Ҷоизаҳо: Нависандаи халқии Тоҷикистон (1998)

Ҳабиб Аҳрорӣ (15 августи 1913, Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон — 30 ноябри 1983, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — нависанда, тарҷумон. Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон (1973), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабиб Аҳрорӣ 15 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дида ба олам кушодааст. Соли 1941 Факултети забон ва адабиёти русии Институти педагогии Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро аз Корманди Нашриёти давлатии Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 1942—1948 дар Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст, ширкаткунандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Сармуҳаррири редаксияи барномаҳои тоҷикии Кумитаи радиошунавонии Ӯзбекистон (1948—1950), баъдан тарҷумон ва сармуҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1950—1955), муаллими факултети филологияи Универститети Давлатии Тоҷикистон (1952—1953), ходими каломи илмӣ, мудири шуъбаи тарҷумаи Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон (1955—1957; 1977—1983).

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳрорӣ яке аз муҳаққиқони амалия ва назарияи тарҷумаи бадеӣ буд ва дар ин бобат мақолаҳои ҷолибе таълиф намудааст. Барои театрҳои Тоҷикистон пйесаҳои «Муфаттиш»-и Н. В. Гогол ва «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Каримро тарҷума кардааст. Аҳрорӣ инчунин тарҷумони осори классикони марксизм-ленинизм буд. Дар мураттабсозӣ ва таҳрири «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (1985) ширкат дошт. Аз соли 1954 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Нахустин китоби тарҷумакардааш «Гулливер дар байни лилипутҳо»-и Ҷ. Свифт (1936) мебошад. Асарҳои адибони рус Н. В. Гогол («Моҷарои Иван Иванович ва Иван Никифорович», 1940; «Шинел», 1952), А. Фадеев («Торумор», 1949; «Гвардияи ҷавон», ҷилди 1, 1954), ҳикояҳои И. Тургенев, А. Чехов, Максим Горкий, Алексадр Толстой (1964—1968), «Қисмати одам»-и М. Шолохов (1958), «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Н. Толстой (1952—1962) ва ғ-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Баъзе асарҳоро аз адибони Ғарб — Оноре де Балзак, Волтер, Алфред де Мюссе, Виктор Ҳюго, Ги де Мопассан, Стендал ва дигарҳоро ба тоҷикӣ гардондааст. Аҳрорӣ дар тарҷумаҳояш хусусиятҳои услубии асарҳои тарҷумашавандаро риоя кардааст. Забони тарҷумаҳояш фасеҳ аст. Дар нигоҳ доштани балоғати гуфтори нависанда, тасвири ҳолати рӯҳии қаҳрамонон, истифода аз санъатҳои бадеии ташбеҳ, таҷнис, таъбир­ҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва ғайра маҳорати фавқул­ода нишон додааст. Аҳрорӣ муаллифи маҷмуаи ҳикояҳои «Тӯйхӯрии мӯйса­федон» (1984) мебошад.[1]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]