Ҳайдаршо Пирумшоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳайдаршо Пирумшоев
Ҳайдаршо Пирумшоев
Таърихи таваллуд 30 декабр 1944(1944-12-30) (79 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Фазои илмӣ таърих , таърихнигорӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАИ Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Ҳайдаршо Пирумшоеволим, муаррихи шинохташудаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳайдаршо Пирумшоев - 30 декабри соли 1944 дар ноҳияи Ванҷ чашм ба олами равшан кушодааст. Хатмкунандаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм (1963) ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1970) мебошад. Фаъолияташ дар ҳамин баргоҳи илму маърифат гузаштааст, зинаҳои коромӯз (ассистент), муаллими калон, дотсент, декани факултаи таърих, мудири кафедраи таърихи Тоҷикистонро тай кардааст. Аз соли 1996 баробари омӯзгорӣ мудирии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади ДонишАИ Тоҷикистонро ба зимма дорад. Инчунин, зиёда аз 17 сол ба ҳайси профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс медиҳад.[1]

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Самту паҳлӯҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии профессор Ҳайдаршо Пирумшоев хеле фароҳ аст, вале ҷавҳари онро масоили таърихнигорӣ ташкил медиҳад. Дар бобати омӯзиши муносибати Русия ва Осиёи Миёна замони то инқилоби соли 1917 ковиши илмияш шоистаи ҳама гуна ситоиш аст, аз баракати заҳматаш ба илм маъхазҳои нав ворид гаштанд. Соли 1979 дар мавзӯи «Инъикоси шаҳрҳо ва ҳаёти шаҳри Бухорои шарқӣ охири асри Х1Х – ибтидои асри ХХ дар асарҳои тадқиқотчиёни тоинқилобии рус» рисолаи номзади илми таърих ва соли 1996 оид ба «Муносибатҳои Русия ва Осиёи миёна асрҳои XVI - миёнаи асри Х1Х дар таърихнигории рус» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Ӯ ба бисёр ҷанбаҳои торики равобити Русия ва Осиёи Миёна равшанӣ андохтааст. Барои ин олими пухтакор таърих афсонаи ширин нест, балки саропо илм аст, дирӯз имрӯз ва фардои инсонҳост, бо ҳазорон мушкилот саҳифаҳои норавшани таърихи меҳану миллаташро омӯхта, афзалияту кӯтоҳиҳояшонро муайян месозад, бо ҳавсалаи тамом ва масъулият корро анҷом медиҳад, ба ҳар ҳодисоту далели таърихи аз нуқтаи назари ҳамон давра ва арзишҳои муосири илмӣ баҳо мегузорад. Яке аз ҷиҳатҳои фарқунандаи пажӯҳишаш сабку услуби хоси нигориш мебошад, вай масоили илмиро бо маҳорати баланд мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода, дар сурати лузум ба он обу ранги бадеӣ медиа ба хонанда наздику шавқовар менамояд. Муҳаққиқ ҳамзамон дар пажӯҳиши фаъолияти ашхоси таърихӣ, арбобони давлатӣ, олимон аз қабили С.Айнӣ, Б.Ғафуров, А.Семенов, З.Раҷабов, Б. Искандаров, М.Эркаев, А.Мухторов ва дигарон матолиб интишор намуда таърихнигори миллиро ғанитар гардонидааст, дар эҷоди мақолаҳои назариявии таърих истеъдодашро нишон додаст. Ҳиссаш дар бунёди мактаби хоси тақиқотӣ, омӯзишу парвариши мутахассисони соҳа, танзиму такмили васоити таълимию китобҳои дарсӣ ва ғайра калон аст. Умумане, ба ин қалами ин паҳлавони илми таърихи тоҷик зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ – оммавӣ мансубанд, таълифоташ ба бисёр забонҳо чоп шудааст. Ӯ иштирокдори чандин симпозиуму конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмиллалии таърихшиносон мебошад.

Намунаи осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дореволюционные русские исследователи о социальной и административной жизни городов Восточной Бухары конца Х1Х – нач. ХХ вв [Текст]. - Душанбе, 1977. - 20 с.
  • Ремесленное производство в городах Восточной Бухары в освещении русской дореволюционной научной литературы конца Х1Х - нач. ХХ вв [Текст]. - Душанбе,1977. - 18 с.
  • Отражение истории городов и городской жизни Восточной Бухары конца Х1Х – нач. ХХ вв. в трудах русских дореволюционных исследователей [Текст]: Дисс. канд. ист. наук.- Душанбе, 1979.- 221 с.
  • Историко-географические очерки городов Восточной Бухары [Текст]: По трудам русских доревалюционных исследователей.- Душанбе,1981.- 82 с.
  • Таърихи омӯзиши Шӯриши Восеъ [Матн]. - Душанбе,1992. – 80 с.
  • Российско - среднеазиатские отношения с XVI до середины Х1Х вв. в русской историографии [Текст]: Дисс. д-ра. ист. наук. – Душанбе, 1996.- 441 с.
  • История изучения Восстания Восе [Текст]. - Душанбе,1998. – 140 с
  • Замини мардхез [Матн]. - Душанбе,2000. - 130 с.
  • Российско-среднеазиатские отношения XVI - середине Х1Х веков в русской историографии [Текст]. - Душанбе, 2000. - 338 с.
  • Ҷовидон дар ёдҳо: бахшида ба 90 - солагии академик М.Эркаев [Матн]. - Душанбе, 2000. - 164 с.
  • Нахустмаркази таълими таърих ва таърихшиносӣ [Матн]. - Душанбе, 2001. - 48 с.
  • Таджикский феномен академика Н.Негматова [Текст]. - Худжанд, 2001.- 24 с.
  • Ванҷ [Матн]: Очерки илмӣ-оммавӣ. - Москва: Фарас, 2004. - 611 с. (Матн бо забони тоҷикӣ, русӣ).
  • Таърихи Дарвоз [Матн]: Аз қадим то замони муосир.- Душанбе, 2008. - 704 с.
  • Бозсозӣ: сохтем ё бохтем? [Матн]. - Душанбе, 2008. - 110 с.
  • Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ) [Матн]. - Хуҷанд, 2008.
  • Россия Таджикистан:история взаимоотношений [Текст]. - Душанбе,2009. (бо Маҳмуд Маликов).
  • История таджикского народа. Том [Матн]. - Душанбе, 2010. (бо ҳаммуалифӣ)

Адабиёт дар бораи Ҳ. Пирумшоев[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]