Ҳотами Ҳомид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳотами Ҳомид
Ҳомидов Ҳотам Саидаҳмадович
Таърихи таваллуд: 22 январ 1966(1966-01-22) (58 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ленин, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, шоир
Самт: рӯзноманигорӣ

Ҳотами Ҳомид (Ҳомидов Ҳотам Саидаҳмадович; зод. 22 январи 1966, деҳаи Сарикиштии Поён, ноҳияи Ленин) — рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1997).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳотами Ҳомид 22 январи соли 1966 дар деҳаи Сарикиштии Поёни ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Факултети филологияи тоҷик (бахши журналистика)-и Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Як муддат мудири шуъбаи илм, варзиш ва техникаи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») буд. Солҳои 1990-1994 омӯзгори фанни забон ва адабиёт, матни классикии мактаби таълимоти миёнаи умумии рақами 45-и ноҳияи Рӯдакӣ, солҳои 1995-1996 диктори барномаҳои дохилии Радиои Тоҷикистон буд. Аз якуми июли соли 1997 ба ҶДММ «Чархи гардун» ба сифати мухбир ба кор гузашт. Ҳамзамон солҳои 2000-2004 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Анӯшервон» буд. Аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Ҳомидов Ҳ. С., бештар дар мавзӯҳои фарҳанг, маориф, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ менависад. Навиштаҳояш дар ин мавзӯҳо қариб дар ҳамаи расонаҳои Тоҷикистон ба табъ расидааст. Ӯ узви Шӯрои ҳамгунсозии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи чор маҷмӯъа — «Марди нексиришт» (нашриёти «Эҷод», шаҳри Душанбе, соли 2006), «Набардозмуда» («Тоҷинфо», шаҳри Москва, соли 2010), «Дасти одам — гул» («Шарқи озод», соли 2012), «Барги андеша» («Пайванд», соли 2012) мебошад. Маҷмӯъаи ашъори бачагонааш бо номи «Гули зардолу» дар дасти чоп аст.

Ҷоизаҳо ва унвонҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо унвонҳои «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 1997), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» (соли 2000), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (соли 2002) ва медали «Хидмати шоиста» (2011) қадрдонӣ шудааст.

Оиладор, соҳиби чор нафар фарзанд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]