Jump to content

Ҷамоати шаҳраки Адрасмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷамоати шаҳраки Адрасмон 26 марти соли 1941 таъсис дода шуда, аз маркази шаҳр дар масофаи 60 километр ҷойгир шудааст. Ин шаҳраки калонтарини Қайроққум буда, беш аз 13,6 ҳазор нафар аҳолӣ дар он истиқомат мекунанд. Дар шаҳрак комбинати маъданбарории Адрасмон ва Идораи шахтасозӣ фаъолият доранд. Иқтидори яксолаи комбинат коркарди 500 ҳазор тонна маъдан ва истеҳсоли 10 ҳазор тонна консентрати қурғошиму нуқраро ташкил медиҳад. Дар мавзеи тобеи шаҳраки Адрасмон – деҳаи Қаромазор бештар аз 90 элементи таблитсаи Менделеев ёфта шуда, қаторкӯҳи Қурамаро дар ин макон «Урали тоҷикон» низ номидаанд.[1].