Ҷодӣ Фостер

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Jodie Foster
Ҷодӣ Фостер
Jodie Foster (1989).jpg
Зодрӯз 19 Ноябр, 1962
Пеша ҳунарпеша


Ҷодӣ Фостер (англисӣ: Jodie Foster) (19 Ноябр, 1962 — ) ҳунарпешаи аҳли ИМА аст. Дар солҳои 1988 ва 1991 ҷойизаҳои Оскар гирифт. Карйераи Ҷодӣ Фостер қариб ки аз даврони кӯдакияш оғоз ёфтааст: духтарча ҳанӯз дар синни дусолагияш дар рекламаҳо иштирок мекард ва аз синни шашсолагӣ дар телесериалҳо нақш меофарид.

Ҷодӣ дар яке аз мактабҳои беҳтарин таҳсил мекард ва ҳарчанд ки ӯ дар филмҳо иштирок меварзид ва вақти кам барои омӯзиш дошт, вай қариб аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло мегирифт. Истеъдоди ҳунарпешаи ҷавон ҳанӯз дар понздаҳсолагияш ҳувайдо гардида буд: Ҷодӣ барои нақши фоҳишаи ноболиғро дар филми Мартин Скорсезе "Таксист" /Taxi Driver, 1976/ бозиданаш ;ро ба ҷоизаи Оскар дар категорияи "Беҳтарин ҳунарпешаи дувумдараҷа" пешниҳод карданд. Ин филм Фостери ҷавонро ба ситора табдил дода бошад ҳам, он дар ҳаёти ӯ нақши манфиеро ҳам гузошт. Ҳунарпешаро девонае (маняке) бо номи Ҷон Ҳиклӣ, пас аз тамошои филми "Таксист" пайваста таъқиб мекард. Чандин сол Фостер бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекард, метарсид ки ӯро касе таъқиб дорад ва худро ҳеҷ гоҳ орому осуда тасаввур карда наметавонист.

Баъд аз хатми мактаб, Ҷодӣ дар карйераи синамояш каме танаффус мекунад ва ба таҳсил мепардозад. Ӯ ба яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои ҷаҳон – донишгоҳи Йел дохил мешавад. Дар ин ҷо ба ӯ хабареро, ки ӯ дер боз интизор буд, мерасонанд - Ҷон Ҳиклӣ баъд аз сӯиқасд ба ҷони президенти ИМА Роналд Рейган дастгир карда ба маҳбас шинонда шуд.

Баъд аз хатми донишгоҳ дар соли 1985, Фостер боз ба синамо бармегардад, вале филмҳои аввалини ин давраи ӯ ба мунаққидон он қадар писанд наомаданд. Баъд аз соли 1988 ба экранҳо баромадани филми Ҷонатан Каплан "Обвиняемҷе" /The Accused/, ки барои он Ҷодӣ ба ҷоизаи "Оскар" чун Ҳунарпешаи беҳтарин сарфароз гардид. Баъд аз панҷ сол филми "Молчание Ягнят" /The Silence of the Lambs, 1991/ ба Фостер боз як ҳайкалчаи тиллоиро овард ва ӯро ба яке аз комёбтарин ҳунармандони ҷавон дар таърихи Ҳолливуд табдил дод. (2 ҷоизаи Оскар то синни 30 солагӣ ин дастоварди бузургест барои ҳар як ҳунарпеша).

Вале, ҳарчанд ки ӯ дар синамо машҳур гардид, дар ҳаёти шахсияш Ҷодӣ он қадар хушбахт набуд. Хабарнигорон, дар бораи ҳаёти ӯ ҳеҷ гуна маълумотеро дастрас карда наметавонистанд. Соли 1998 Ҷодӣ соҳиби писар Чарлз мегардад, ки аз кӣ буданаш барои аҳли матбуот номаълум буд. Худи ҳунарпеша эълон дошт, ки "кӯдаки ӯ падар надорад!" ва ба ҳамин ба овозаҳои гӯё ӯ сунъӣ бордор шуда бошад асос гузошт.

То ҳол Фостер дар филмҳо иштирок мекунад вале дигар ҷуз аз пешниҳод шудан ба " Глобуси Тиллоӣ" дар филми "Контакт"-и коргардон Роберт Земекис қариб ки ба ягон ҷоизае сазовор нагардидааст. Мумкин аллакай даврони хуби ӯ гузашта бошад, вале… Истеъдоди ӯ сол аз сол кам намешавад ва шояд дар оянда мо Ҷодиро дар нақшҳои беҳтар хоҳем дид.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]