Ҷумъахон Алимӣ
Таърихи таваллуд | 28 июн 1962 (62 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Кулоб |
Фазои илмӣ | забоншинос |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Ҷумъахон Алимӣ ( 28 июни 1962, шаҳри Кӯлоб) — забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1986). Ассистент, муаллими калон, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1986 –1997), соҳибкори хусусӣ (1997 –1999), корманди созмони байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2002 роҳбари созмони ғайриҳукуматии «Параллакс» ва ҳамзамон аз соли 2008 ходими илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва 500 мақолаи илмӣ-оммавӣ. Алимӣ асосан ба таърихи забон ва номшиносӣ (ономастика, топонимика) машғул аст. Микротопонимияи ҳавзаи Сурхоб, топонимикаи минтақаи Кӯлобро аз ҷиҳати забонӣ тадқиқ намудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ташаккул ва таҳаввули топонимияи минтақаи Кӯлоб. - Д., 1995;
- Мавзеъномаи Кӯлоб. - Д., 1995;
- Топонимика (Дастури таълимӣ). - Д., 1995.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.