Jump to content

Муҳаммад Кайвони Қазвинӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Адиб |Ном = Воизи Қазвинӣ |Номи аслӣ = محمد کیوان قزوینی |Акс = |Тавсифи...
(бе тафовут)

Нусха 07:47, 22 май 2017

Воизи Қазвинӣ
Таърихи таваллуд: 1885
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1925
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рӯзноманигор
Забони осор: форсӣ

‘’’Воизи Қазвинӣ’’’ (порсӣ- محمد کیوان قزوینی)

аз шоирони баландпарвози форс мебошад, ки бо саъати волои суханвари миёни шуарои замони хеш чойгоҳи хубро сазовор шудааст.

Зиндагинома

Кайфони Қазвинӣ маъруф ба «Воизи Қазвинӣ» дар соли 1264 хуршедӣ дар шаҳри Қазвин ба дунё омад. Падараш «Шайх Исмоили Воиз» аз воиз ва суфиёни Қазвин буд. Вай мудирва сардабири рузномаи «Насиҳат» ва аз дустони Маликушшуаро Баҳор буд. Муҳаммад Кайвони Қазвинӣ дар соли 1304 терор шуд. Терори ӯ танҳо ба хотири шабоҳат чеҳрааш бо Маликушшуаро Баҳор рух дод. «Баҳор» аз тарафи мухолифин маҳкум ба марг шуда буд. Муҳаммад Кайвони Қазвинӣ ба ҷои вай тавассути одамкушон кушта шуд. Ривояти дигаре ҳам вуҷуд дорад, ки вай ба хотири ин ки бародараш Аббосъалии Кайвони Қазвинӣ аз афроди бонуфуз ва наздик бо силсилаи Қоҷор будааст терор шудааст. Аз тарафи дигар иддае муътақиданд қатли Воиз на ба далели шабоҳат бо Баҳор балки ба далели мақолот тунди ӯ алайҳи низомиён ва сардори сипаҳ буда ва ин қатл комилан огоҳона дар ростои аҳдофи сардори сипаҳ ва тарафдоронаш будааст. Ин ҳодса як руз қабл аз тасвииби тарҳ инқирози силсила Қоҷор дар маҷлиси Шурои Миллӣ ба вуқуъ пайваст.(2)

Намунаи осор

То акси гули руи ту дар чашми тари мост,
Домони пур аз хуншуда боғи назар мост.
Шабҳо ки бувад дар назар оина руят,
Берун шудани ҷон зи тан, оҳи саҳари мост.
Фархундаҳумои фалаки ҳиммати хешам,
Афшондани доман зи ҷаҳон, болу пари мост.
Помол шудан медиҳад охир бар давлат,
По бар сари мо ҳарки ниҳад, тоҷи сари мост.
Мо нахли сарафрохтаи гулшани ишқем,
Аз ғайри ту пайванд буридан самари мост.
Савдогари бемояи суди ду ҷаҳонем,
Бар гирди саропои ту гаштан сафари мост.
Моро ба вафодории мо қадр шиносанд,
Дар роҳи ту истодагӣ оби гуҳари мост.
Дар ҳеҷ диле Воизи мо ҷой надорад,
Ҳамтолеъи афғон тиҳӣ аз асари мост.(1)

Адабиёт 1.http://vidah.rozblog.com/ 2. https://fa.wikipedia.org/wiki