Рӯзноманигор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рӯзноманигорон

Рӯзноманигор ё журналист — шахси воқеиест, ки ба ҷамъоварӣ, таҳрир ва омода намудани ахбору мавод барои редаксияи воситаҳои ахбори омма машғул буда, бо ин редаксия тавассути шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё дигар муносибатҳои шартномавӣ алоқаманд аст ва аз рӯи ваколати ба ӯ додашуда фаъолият менамояд ва ё узви иттиҳодияҳои касбии журналистон мебошад.[1]

Шохаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти рӯзноманигор се шоха: муаллифӣ, муҳаррирӣ ва ташкилию маъмуриро дар бар мегирад. Фаъолияти муаллифӣ ташкили асарҳои ба ташаккули афкори омма — аудиторияи ВАО (афкори иҷтимоӣ, ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ, маърифати таърихӣ) таъсиррасонро дар бар мегирад. Фаъолияти эҷодии рӯзноманигорро бештар нигоштани жанрҳои публитсистӣ (хабар, ҳисобот, репортаж, мухбирнома, мақола, нигориш, очерк ва ғайра) ташкил медиҳанд. гузоштанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи Аврупо (Олмон-1609, Англия-1622, Франсия-1631) ба вуҷуд омадаанд. Ин нашрияҳо бештар равияи илмӣ доштанд ва дар онҳо имкониятҳои матбуоти даврӣ, минҷумла иттилоърасонӣ ва тарғиб дар сатҳи паст қарор дошт. Инқилоби буржуазии Аврупо ба инкишофи сифативу миқдории Ж. такон бахшид. Дар Ж. муносибатҳои бозорӣ ба вуҷуд омад, ки ба дигаргун шудани нақш ва мавқеи Ж. дар ҷомеа мусоидат кард. Дар Ж-и Ғарб мавқеи фаъоли иҷтимоӣ ва озодии сухан хусусияти хос гардид.

Дар Русия аввалин рӯзнома «Ведомости» аст, ки соли 1702 бо дастгирии Пётри 1 таъсис шудааст. Махсусияти журналистикаи русро дар асрҳои 19-20 маҷаллаҳои адабии ғафс («Отечественные записки», «Современник», «Новый мир», «Звезда», «Дружба народов»), ташкил медиҳанд, ки ҳамчун минбари ҷамъиятӣ барои музокираи масъалаҳои мубрами сиёсиву иҷтимоӣ истифода мешуданд. Нависандагону шоирони рус ҳам рӯзноманигор ва ҳам муҳаррирони ин нашрияҳо буданд (Н. М. Карамзин, А. С. Пушкин, Н. А. Некрасов, М. Е. Салтиков-Щедрин, Ф. М. Достоевский, А. П. Чехов, М. Горкий). Дар муқоиса ба Ғарб Ж. рус зери фишори маҳдудиятҳои сензуравӣ ташаккул ёфтааст.

Рӯзноманигории тоҷик[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар пайдоиши Ж. тоҷик се омил: матбуоти тофорсӣ, матбуоти умумифорсӣ ва матбуоти Туркистон замина гузоштааст. Дар таъсири ин омилҳо нахустрӯзномаи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» соли 1912 дар шаҳраки Когон (наздикии Бухоро) ба табъ расид. Баъд аз ин рӯзномаи «Самарқанд» (1913) ва маҷаллаи «Оина» (1913—1915) интишор гардиданд.

Дар оғоз Ж. тоҷик хусусияти маорифпарварона дошт, зеро бо дастгирии маорифпарварону таҷаддудхоҳон ба вуҷуд омада, ислоҳоти мактубу маорифро пайгирӣ мекард. Рушди илму техника боиси инкишофи шаклҳои гуногуни Ж. гардид. Дар солҳои 1920 Ж. суратгирӣ, дар солҳои 1930 Ж. радио, дар солҳои 1950—1960 Ж. телевизион ва дар ибтидои асри XXI Ж. чандрасонӣ ба вуҷуд омад.Ҷараёни инкишофи Ж. тоҷикро ба се марҳилаи асосӣ: тоинқилобӣ, замони шӯравӣ ва давраи истиқлол ҷудо мекунанд, ки ҳар кадом хусусияти хос дорад. Ба давраи аввал хусусиву тиҷоратӣ, дуюм ҳизбӣ ва сеюм низоми гуногун хос аст. Ж. якчанд вазифаро иҷро мекунад, аммо муҳимтарини он иттилоърасонӣ аст. Дар ҷомеаи муосир иттилоот ба мол табдил ёфтааст, ки манфиатҷӯйӣ аз Ж-ро зиёд мекунад («Ҳар ки иттилоот дорад, ҷаҳонро идора мекунад»). Дар замони шӯравӣ вазифаи асосӣ тарғибу ташвиқ буд ва Ж. ҳамчун воситаи таъсири идеологӣ амал мекард. Баъзан бо назардошти вазифаҳои идорӣ ва ташкилӣ Ж-ро «ҳокимияти чорум» меноманд. Ж. ҳамчунин вазифаҳои иртиботӣ, фарҳангӣ, рекламвӣ ва реакритивиро иҷро мекунад.

Яке аз шартҳои мавҷудияти Ж. дар ҷомеа озодии матбуот аст. Ин шарт аз ҷониби Ҷ. Милтон дар асоси фаҳмиши принсипҳои идеалистии озодии сухан ба вуҷуд омада, дар заминаи он илми Ж.-и буржуазӣ инкишоф ёфтааст. Ж. муосири тоҷик ба модаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон («Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода мешавад») такя мекунад. ВАО-и озод танҳо дар ҷомеаи демократӣ буда метавонад, дар навбати худ озодии матбуот нишондоди сатҳи демократия аст. Дар шароити демократия Ж. манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоиро ба тарзи гуногун баён мекунад. Ж. озод имкон медиҳад, ки масъалаҳои аҳамияти маҳаллӣ ва миллидошта, ошкоро мавриди музокира қарор гиранд, ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ дар кори давлат иштирок намоянд, сензура аз байн равад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон расман сензура вуҷуд надорад. Давлат барои мавҷудияти Ж. асосҳои қонунгузориро таъмин намудааст. Дар Тоҷикистон соҳаи Ж. ва ВАО-ро Конститутсияи ҶТ, қонунҳои ҶТ («Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (1990, 2013), «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (1996), Дар бораи иттилоот" (2002), «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998), «Дар бораи сирри давлатӣ» (2002), «Дар бораи реклама» (2003) ва ғ. ба танзим медароранд.

Фаъолияти Ж.-ро ҳамчунин этикаи касбӣ ба танзим медарорад. Санадҳои байналхалқии этикаи касбии гуногун: (мас. «Принсипҳои байналхалқии этикаи касбии журналист», 1983), кодексҳои кишварҳои алоҳида (мас. « Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» (2009), меъёрҳои касбии ширкатҳои расонаӣ, идораи нашрияҳо ва ғ. мавҷуданд. Иттиҳодияҳои касбию журналистӣ ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоие низ мавҷуданд, ки риояи этикаи журналистиропайгирӣ мекунанд. Мас., дар ИМА аз «омбудсменҳо» (мунаққидони нашрияҳо, ки арзу шикояти мардумро аввал омӯхта, баъд интишор мекунанд) истифода мебаранд. Маълумоти касбии журналистӣ дар нимаи дуюми садаи XIX дар ИМА ва Олмон ба вуҷуд омад. Соли 1903 рӯзноманигори америкоӣ Ҷ. Пулитсер донишгоҳи Колумбия (Ню Йорк) ва ҳамин сол мукофоти Пулитсерро таъсис дод. Дар Россия (ИҶШС) дар солҳои 1920 донишкадаҳои коммунистии журналистика ба вуҷуд омаданд. Дар Тоҷикистон соли 1966 дар факултети филологияи тоҷики ДДТ шуъбаи журналистика таъсис ёфт, ки дар заминаи он соли 1992 факултети журналистика ва тарҷумонӣ ташкил шуд. Имрӯз дар донишгоҳҳои кишвар як факултет ва 7 шуъба бо ихтисосҳои гуногун рӯзноманигор тайёр мекунанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими Ж. хислати эҷодии пешаи журналистӣ мебошад. Журналист на танҳо рӯйдодҳоро инъикос мекунад, балки онҳоро шарҳ медиҳад. Аз ин рӯ, ду навъи Ж. ба вуҷуд меояд: Ж. хабаррасонӣ, Ж. таҳлилӣ. Журналисти муосир бояд ҷаҳонбиниаш васеъ, дорои сифатҳои муайяни шахсӣ, ҳамакор, ҷӯянда, кунҷков, хушмуомила, дилёб, кордон ва ғ. бошад.[2]

Бар пояи эъломияи созмони ЮНЕСКО, хабарнигор (Рӯзноманигор Воқеанигор) бояд кӯшиш кунад то ахборе, ки дар ихтиёри умум мегузорад дуруст, дақиқ ва муътабар бошад ва дар дурустии ахборе, ки ба даст меоварад, пажӯҳиш ва андеша кунад. Хабарнигорон набояд ҳақиқатро умдатан таҳриф ё хароб кунанд ва низ ҳеч гуна матолибро набояд аз диди мардум пинҳон нигаҳ доранд.


Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма. Моддаи 1. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013 № 3. 24 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 марти 2016.
  2. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. — Душанбе: Аржанг, 2016. — 480 с. — С. 80-83. ISBN 978-999-47-43-37-7