Ёсуман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Шаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversion

Шаблон:Taxobox end[[Гурӯҳ:Plantae аз рӯи алифбо]] ЁСУМАН, ёсамин, ёсмин, с у-мав (Jasminum), буттаи хазонрез ё ҳамешасабзи печанда. Барги содда, мураккаб аз баргчаҳо иборат аст) ё себарга, гули сафед, зард, сурхтоби хушбӯй ва тоза дорад. Қариб 200 намуди ёсуман маълум буда, асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ мерӯяд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ се намуди ёсуман. (J. officinale — дар Кавказ ва Тоҷикистон; J. revolutum — танҳо дар қаторкуҳҳои Дарвоз; J. fruti-cans — Қрим ва Кавказ вомехурад.

Ёсуман - Шоҳсуман

Аз гули шоҳсуман — Jasminum grandiflorum (Ҳимолой) ва ёсумани хушбуй — Jasminum odoratissimus (ҷазираи Мадейра) равғани эфир мегиранд, ки дар атриёт фаровон истифода мешавад. Ёсумани ҳамешасабзи печактана — Jasminum sambac чун гули хонагӣ маъмул аст. Ёсумани сафед (Jasminum officinale) буттаест, ки навдаҳои хазанда ё печанда дорад. Қадаш то 1 м. Шохчаҳояш камбарг, баргаш пармонанд (дарозиаш то 10 см, бараш то 7 см) буда, тамоми зимистон сабз мемонад; гули қадаҳшакли сафед (қутраш то 2,5—3,5 см), хӯшагули 2—4-гула ва ғӯзаи ғуҷуммевашакл дорад. Дар шароити табиии ҷумҳурӣ миёнаҳои июн гул мекунад. Ёсумани сафеди худрӯй танҳо дар нишебиҳои ч,ан. ц-куз;и Ҳисори ҳавзаи д. Варзоб вомехӯрад.

Ёсумани зард ё зарсуман (Jasminum revolutum) буттаи ҳамешасабз (баландиаш 2,5. м). Баргаш аз як ё се ҷуфт баргча таркиб ёфтааст; дарозиаш то 8—10 см, бараш 5 см. Гули қадаҳшакли зард, хӯшагули 15— 19-гула, ғӯзаи дутухма дорад. Дар шароити табии июлавгуст гул мекунад. Танҳо дар Дарвоз мерӯяд. Ёсуман сифатҳои хуби ороишӣ дорад ва бесабаб нест, ки аз замонҳои қадим ҳамчун гули писандидаи шарқиён маъмул гаштааст.

Адабиёт[вироиш]

  • Ҳоҷиматов М., О л и м о в М., Чаҳорбоғи гулҳо. Душанбе, 1979; 3anpягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград 1976.
Ёсуман
Шаблон:Taxobox image2
Научная классификация
Царство: Шаблон:Taxobox conversion
Отдел: Magnoliophyta
Класс: Magnoliopsida
Шаблон:Taxobox ordo: Lamiales
Семейство: Oleaceae
Род: Jasminum
Шаблон:Taxobox sectionНе указано международное название
Вы можете помочь проекту,
поставив latin=название
внутри шаблона taxobox в тексте статьи