Jump to content

А

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳарфи кирилликии А
Аа
Ќ Ѝ Ў Џ А Б В Г Д
Ь Э Ю Я а б в г д

Хусусиятҳо

Ном

Аcyrillic capital letter a
аcyrillic small letter a

Юникод

А: U+410
а: U+430

HTML-код

АА ё А
аа ё а

UTF-16

А: 0x410
а: 0x430

URL-код

А: %D0%90
а: %D0%B0

Аудио «А»

A, а — ҳарфи якуми ҳама алифбоҳои сириликасос. Ҳарфи аввали алифбои тоҷикӣ (аз соли 1940)[1].

Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ бо ҳарфҳои «алиф» ( ا), «айн» ( ع) ва дар охири калимаҳо бо «ҳои ҳавваз» ( ه) ифода мешавад. Ҳарфи «А» дар гурӯҳбандии синфҳои таълимӣ, табақабандии мавзӯъҳо ва ғайра ба ҷои шумораи якум ба кор меравад. Ҳарф дар алифбоҳои гуногуни кишварҳои аврупоӣ, инчунин шарқӣ ҳарфи финиқии алиф аст, ки он, зоҳиран, аз аломати идеографии тасвири сари гов пайдо шудааст. Маънои калимаи финиқии алиф «гов» мебошад. Дар Европа ин ҳарф ба воситаи алифбоҳои юнонӣ ва этрусию лотинӣ, дар Шарқ ба воситаи алифбоҳои суриёнӣ ва оромӣ маъмул гашт ва шаклҳои гуногун гирифт. Номи ҳар­фи А. дар ибронии қадим «алиф», юнонӣ «алфа» (эҳтимол шакли таҳрифшудаи «алиф» бошад), славянӣ «азъ» («ман»), русию тоҷикӣ «а» мебошад. А. дар забони тоҷикӣ овози пасизабонии ғайрилабии кушодаро ифода мекунад. Шакли навишти чопиаш А а, дастнависаш А садаи Дар алифбои лотинии маъмул дар забони тоҷикӣ (1929 – 39) низ ҳамин шаклҳоро дошт. Овози «а» дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (маъмул аз садаи 8 то соли 1929) дар аввали калима бо алиф (ابر – абр), айн (عقل – ақл), дар охири калима бо ҳои ҳавваз (شانه – шона), дар мобайни калима бо аломати фатҳа ё забар (برادر– бародар) ифода мешуд. Ҳарфи А-и калон ва а-и хурд дар матнҳои илмӣ, ҳуҷҷатҳо барои ҷудо кардани қисмҳо, бобҳо, фаслҳо, моддаҳо ва ғайра истифода мебаранд[2].

  • «Фарҳанги забони тоҷикӣ» Ҷилди-1, саҳ.25
  1. «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» Ҷилди-1. саҳ.29
  2. http://donishnoma.tj/maqolaho/315-a(пайванди дастнорас)