Jump to content

Аббос ибни Бухорхудот

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аббос ибни Бухорхудот

Аббос ибни Бухорхудот (форсӣ: عباس ابن بخارخدات‎; қарни VIII, Балх  — ?) — ходими дастгоҳи идории хилофат дар аҳди Амин.

Баъди футуҳоти исломӣ аъёну акобири Бухоро аз силсилаи Бухорхудотҳо дар дастгоҳи хилофат маъмурият ва эътибори хоссае доштаанд (Абдуллоев, с.39). Аббос яке аз чунин акобир маҳсуб мешавад, ки аз хусуси мақоми муҳиме доштани ӯ дар дастгоҳи хилофат дар соли 196/811 Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар «Таъриху-р-русул ва-л-мулук»-и хеш ёдовар шудааст.

  • Аббос ибни Бухорхудот / Н. Ҳамробоев // Донишномаи Сомониён ҷ. 1. — Х. : Нури маърифат, 2008
  • Абдуллоев С. Исмоили Сомонӣ. — Х. : Раҳим Ҷалил, 1998;
  • Сомониён дар оинаи таърих, ҷ.2. — Х. : Раҳим Ҷалил, 1998.