Jump to content

Абдулҳаққи Деҳлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдулҳақи Деҳлавӣ)
Абдулҳаққи Деҳлавӣ
араб. عبد الحقّ الدِهْلَوِي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис
Таърихи таваллуд: 1 январ 1551
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 июн 1642(1642-06-19) (91 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Вироиши Викидода

Абдулҳа́қи Деҳлавӣ ибни Сайфуддини Деҳлавии БухороииТуркӣ (1 январ 1551, Деҳлӣ19 июн 1642, Деҳлӣ) — сӯфӣ, шоир, таърихнигор ва ҷуғрофиёдони форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузаштагони ӯ аз Бухоро ба Деҳлӣ рафтаанд. Абдулҳақи Деҳлавӣ суфимаслак буда, пайрави тариқати қодирия будааст. Вай соли 1587 ба ҳаҷ рафта пас аз бозгашт соли 1642 дар Деҳлӣ фавтид. Оромгоҳаш дар он ҷост.

Абдулҳақи Деҳлавӣ аз зумраи донишмандон ва таҳиягарони пурмаҳсулест. Вай бештар аз 100 таълифот дар улуми мухталиф дорад. Муҳимтаринашон инҳоанд: «Ахбор-ал-ахёр» (зиндагинома ва маноқиби аҳли тасаввуф ва ин рисола таҳти унвони «Тазкираи мусаннифини Деҳлӣ» соли 1929 дар Ҳайдаробод ба чоп расид.); «Зикру-л-мулук» ё «Таърихи Ҳаққӣ» – таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии темуриёни Ҳинд; «Ҷазбу-л-қулуб ила диёр-ил-маҳбуб» – рисола дар бахши таърих, география ва муҳити табиии шаҳри Макка; «Мадориҷ-ун-нубувва» – дар баёни таърихи Паёмбари ислом; дар асл ин асар тафсирест бар китоби «Суфар-ас-саъда ал-Фирӯзободӣ» ва дар Ҳиндустон чандин бор ба чоп расидааст; рисолаи «Аҳволи аиммаи исно ашъара» дар баёни таърихи аимма ва ислом буда, бар пояи китоби «Фаслу-л-хитоб» -и Муҳаммад Порсо навишта шудааст.