Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Энсиклопедияи миллии тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Энсиклопедияи миллии тоҷик

Забони асл: тоҷикӣ
Нашри аслӣ: 2008
Ношир: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Энсиклопедияи миллии тоҷик (ба ихтисор ЭМТ) — донишномаи миллии Тоҷикистон, ки сар аз соли 2008 таълифу тадвинаш дар Тоҷикистон шурӯъ шудааст.

Бо Фармони Президенти Тоҷикистон дар давлати соҳибистиқлол, куҳанфарҳанг, мутамаддин, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди мо низ ба таҳияву тадвини энсиклопедияи миллии бисёрҷилда пардохта шуд, зеро дар китобҳои энсиклопедӣ таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, маданият, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони мумтози илму маърифат, адибон, ҳунармандон ва санъатварони маъруф дарҷ хоҳанд шуд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳеч як миллат наметавонад бидуни баҳравар шудан аз тамаддуни муштараки миллатҳову қавмҳои ҳамҷавор ба сари худ миллати тавонову бофарҳанг созад ва дар тӯли ҳазорсолаҳо бобақову поянда монда тавонад.[1]

Хати машйи кишвари мо, ки тарафдори сиёсати эътироф ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, дахолат накардан ба истиқлоли сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ғайр, рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва робитаҳои манфиатбахши дутарафа бо мамлакатҳои дунёст, ҳамеша аз арзишҳои милливу фарҳангии тоҷикон дар тамоми сатҳҳо ва арсаҳо пуштибонӣ мекунад.

Нашри нахустини ҷилди якуми ЭМТ соли 2012 бо теъдоди 5 ҳазор нусха бо сарфи 350 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нашр шудааст. Дар донишнома 3200 мақола ҷой гирифтааст, ки ба қалами 650 муаллиф тааллуқ доранд[2]. 11 ҷилди Энсиклопедияи Миллии Тоҷик то соли 2025 нашр шудааст.

Оғози фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик аз ибтидои оғози кори китоби бисёрҷилдаи «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик» ба муассисаҳои илмӣ, идораҳои давлатӣ, донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, мутахассисони алоҳидаи тамоми соҳаҳои илму фарҳанг ва ҳатто пажӯҳишгоҳҳои хориҷию мутахассисини ҷудогонаи бурунмарзӣ бо Лоиҳаи луғатномаи нашри мазкур муроҷиат намуда онҳоро ба ҳамкорӣ ва мадад даъват карда буд, ки дар натиҷа Луғатнома мавриди муҳокимаи васеи аҳли ҷамъият қарор гирифта то андозае такмил ёфт. Таҷрибаи нашр шудани 8 ҷилди Энсиклопедияи Советии Тоҷик мабнӣ бар тақризу нақдҳои фаровони дар васоити ахбори омма ба табърасида собит намуд, ки аксари эродҳои мутахассисон ва хонандагони одӣ ба ҷой дода шудани шахсиятҳо дар китоб оид буданд. Ба хотири минбаъд ҷилавгирӣ кор кардан аз чунин эродҳо дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 439 аз 2 сентябри соли 2010) "Дар бораи меъёрҳои ворид намудани шахсиятҳои маъруфи таърихӣ ва муосир ба «Энсиклопедияи Миллии Тоҷик»"[3] ба тасвиб расид, ки Сарредаксия тибқи он амал менамояд.

Вобаста ба татбиқи технологияи навтарини саҳифабандию ороиши китоб ва бодарназардошти сифати чопи китоб аз аксҳо ва расмҳои аксаран сиёҳу сафеди кӯҳнашуда, ки барқарор карданашон ғайриимкон буд, сарфи назар гардид. Ҳамчунин шахсиятҳое, ки акси худро пешниҳод накарданд, аз ҷилди аввал берун мондаанд. Ҳаҷми мақолаҳо вобаста ба мавқею манзалати мавзӯи пешниҳодшуда, муҳимияти он ва таклифи муаллифон бо мадди назар гирифтани маълумоти иловагӣ барои муҳаққиқони оянда муайян ва таъйин гардидааст.

Аксари мақолаҳои энсиклопедиро вобаста ба тахассусҳои гуногун олимони маъруф навишта, мақолаҳои мураттибӣ ва тарҷумавиро низ мутахассисони варзида аз маъхазу манбаъҳои муътамад тартиб додаанд, ё тарҷума кардаанд.

Тамоми мақолаҳои ҷилди аввали ЭМТ-ро бидуни олимон-мутахассисони ҷудогонаи соҳаҳои гуногуни илм, аъзои Шӯрои илмӣ-таҳририи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда хонда маъқулу манзур ва ба чоп тавсия намудаанд. Тартиби омода кардани ҷилдҳои минбаъдаи ЭМТ низ ба ҳамин усул идома хоҳад ёфт.

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст энсиклопедияи миллист. Дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарҳанг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ва ҳунармандони маъруф дарҷ шудаанд. Дар айни замон дар донишнома бахше аз матолиб дар бораи таърихи ҷаҳон, мухимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки ибратомузанд оварда шудаанд.

Ҳаҷм ва муҳтавои нашр

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҷилд Унвон Соли

нашр

ISBN Шумораи

саҳифаҳо

Адади

нашр

1 А — Асос 2011 ISBN 978-99947-33-45-3 608 5000
2 Асос — Боз 2013[4] ISBN 978-99947-33-52-4 664 5000
3 Боз — Вичкут 2014 ISBN 978-99947-33-46-0 676 5000
4 Вичлас — Гӯянда 2015 ISBN 978-99947-33-77-4 660 5000
5 Ғ — Дироя 2016 ISBN 978-99947-33-67-5 664 5000
6 Дирҳам — Замин 2017 ISBN 978-99947-33-69-9 664 5000
7 Замин — Илля 2018 ISBN 978-99947-33-89-9 648 5000
8 Илм — Исҳоқ 2019 ISBN 978-99975-68-12-0 672 5000
9 Исҳоқ — Кашиш 2020 ISBN 978-99975-68-17-5 676 5000
10 Кашиш — Косон 2022 ISBN 978-99985-0-006-8 664 5000
11 Косон — Қурбон 2024[5] ISBN 978-99985-0-053-2 664 5000

ЭМТ дар Википедияи Тоҷикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Гирдиҳамоии корбарони Википедия дар Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик барои ҳамкории Викимедиянҳои Тоҷик ва Энсиклопедияи Миллии Тоҷик

Аз соли 2014 вироиши интишороти Энсиклопедияи Миллии Тоҷик дар Википедияи Тоҷикӣ шурӯъ шудааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  • donishnoma.tj — вебгоҳи расмии Энсиклопедияи миллии тоҷик