Абдулҳусайни Зарринкӯб
Абдулҳусайни Зарринкӯб | |
|---|---|
| |
| Таърихи таваллуд | 19 май 1923 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 15 сентябр 1999 (76 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | эроншиносӣ |
| Ҷойҳои кор | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d] |
| Алма-матер | |
| Имзо |
|
Абдулҳусайни Зарринкӯб (форсӣ: عبدالحسین زرینکوب خوانساری; 19 марти 1923, Бурӯҷирд — 15 сентябри 1999, Теҳрон) — адабиётшинос ва намояндаи барҷастаи илми Эрон, муаллифи асарҳои сершумор оид ба таърихи ислом, таърихи динҳо, таърихи худошиносӣ ва фалсафаи мадрасӣ, таърихи тасаввуф, профессори Донишгоҳи Теҳрон ва мудири кафедраи филологияи эронӣ дар Донишгоҳи Теҳрон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]19 марти соли 1923 дар шаҳри Боружерд дар оилаи муҳоҷирони аз шаҳри Хонсор таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ дар зодгоҳаш, барои таҳсил ба Теҳрон рафт. Пас аз як сол Зарринкӯб дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Теҳрон ҷои аввалро гирифт. Аммо, аз сабаби он, ки вазъияти нооромии сисёсии Теҳрон дар робита бо Ишғолкориҳои Русияву Бритониё дар Эрон, маҷбур шуд, ки ба ватани худ — Луристон баргардад. Алиакбари Деҳхудо декани он замони факултаи ҳуқуқ, аз рафтани чунин як донишҷӯи боистеъдод изҳори таассуф кард. Пас аз бозгашт ба Бурҷерӯд, Зарринкуб дар мактаби миёна ба таълими таърих, ҷуғрофия, адабиёти форсӣ, забонҳои хориҷӣ, математика, физика, фалсафа ва худошиносӣ шурӯъ кард. Дар ҳамон ҷо, соли 1944 китоби якуми худро бо номи «Фалсафа ва шеър ё таърихи пайдоиши шеъру санъати шоирӣ дар Эрон» ба табъ расонд.
Соли 1945 Зарринкӯб ба факултаи адабиётшиносии Донишгоҳи Теҳрон дохил шуда, пас аз се сол ин факултетро бо дипломи аъло хатм кард ва пас аз як сол ба аспирантураи донишгоҳ дохил шуд. Таҳти роҳбарии Бадеуззамон Фурузонфар дар соли 1956 Зарринкӯб рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Нақди шеър» ҳимоя кард. Фурузонфар Зарринкӯбро ба ҳайси ёвари факултаи фалсафӣ ва худошиносии Донишгоҳи Теҳрон даъват кард ва дар он ҷо ба лексияҳо оид ба таърихи ислом, худошиносӣ, таърихи тасаввуф ва таърихи илмҳо шурӯъ карда, унвони профессорро дар соли 1960 ба даст овард.
Ҳанӯз дар замони таҳсил дар бахши аспирантӣ Зарринкӯб ба як гурӯҳ олимони ҷавон ва боистеъдоди эронӣ, аз қабили Аббос Иқболи Оштиёнӣ, Сайид Нафисӣ, Муҳаммад Муъин, Парвиз Нотили Хонларӣ ва дигарон, ки нашрияи ҳолландиии «Brill» дар соли 1951 барои иштирок дар лоиҳа оид ба тарҷумаи мақолаҳо барои китоби бисёрҷилдаи «Донишномаи ислом», даъват карда буд, шинос шуд.
Солҳои 1962—1970 Зарринкӯб ба ҳайси мушовири илмӣ дар донишгоҳҳои Оксфорд, Сорбонна, Принстон ва Калифорния ва инчунин дар як қатор донишгоҳҳои Ҳинду Покистон кор кардааст.
Абдулҳусайни Зарринкӯб 15-уми сентябри соли 1999 дар Теҳрон вафот кард.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зарринкӯб олими сатҳи ҷаҳонӣ буда, дорои мероси гаронбаҳои илмӣ дар таърихи ислом, таърихи динҳо, маърифати Худо ва фалсафаи мадрасӣ, таърихи тасаввуф, таърихи илм, нақди адабӣ ва адабиёти муқоисавӣ мебошад. Вай даҳҳо китоб ва садҳо мақола ба забонҳои форсӣ, фаронсавӣ ва англисӣ навиштааст. Машҳуртарин асари ӯ «Ду қарни сукут» мебошад. Як қатор асарҳои ӯ ба забони русӣ тарҷума шудаанд, аз ҷумла китобҳои «Кашфиёти бузург ва дастовардҳои инсоният», «Арзиши мероси сӯфия» ва «Тамаддуни ислом».
Сафарҳои илмии зиёде ба Аврупо, Амрико, ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҳинд, Покистон ва кишварҳои арабӣ кард. Ҳамчун намояндаи Эрон дар конференсияҳои байналмилалӣ суханрониҳо намуд; аз ҷумла дар конференсияи байналмилалии «Бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ» дар Тоҷикистон (Душанбе, 1997) ширкат варзид; аз нусхаҳои хаттии форсӣ ва арабии китобхонаҳо, осорхонаҳо ва муассисаҳои илмии ин кишварҳо аксҳо ва нусхаҳо бардошт.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Осори Зарринкӯб ҳамчун марҷаи умда дар таҳқиқоти тасаввуф ва мавлавишиносӣ шинохта мешавад. Ӯ аз таърихнигорони барҷастаи Эрон буда, осори маъруфе дар таърихи Эрон ва ҷаҳон дорад. Аз вай 51 китоб ва 306 мақолаи илмӣ ба забони форсӣ, 17 мақола ба забонҳои хориҷӣ ва 19 қитъа шеър ба ёдгор мондааст. Осори Зарринкӯб дар давраи муосир аз навъи пажӯҳишҳои байнириштаӣ аст, ки дар он нақди татбиқӣ, баррасии таърихӣ, сайри андеша ва ирфон ҷойгоҳи мумтозе дорад. Ҳар як асари Зарринкӯб пас аз таълифу нашри он дар Эрон ва тамоми ҷаҳон мавриди писанди хоссу ом қарор мегирифт ва аз ҷониби донишмандони даврон баҳои баланд касб мекард. Масалан, Ғуломҳусайни Динонӣ китоби «Ду қарни сукут»-и Зарринкӯбро, ки саргузашти мардуми Эрон дар ду садаи нахуст пас аз султаи арабро дар бар мегирад, китоби бисёр арзишманд ва барҷаста дониста, муаллифи онро муаррихи ҳақиқатҷӯ шумурдааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарринкӯб Абдулҳусайн / М. Махшулов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
