Абдуназар Ҳақназаров
Абдуназар Ҳақназаров (01.05.1945, деҳаи Лангараки н. Рашт) - таърихнигор, доктори илми таърих (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1969 Университети давлатии Тоҷикистонро (ҳоло ДМТ) ба итмом расонда, дар мактаби таҳсилоти миёнаи зодгоҳаш аз таърих дарс додааст. Аз соли 1971 дар Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) фаъолият намуда, давоми беш аз чил сол вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърих, раиси иттифоқҳои касабаи донишгоҳ, сарнозири шуъбаи таълим, роҳбари шуъбаи магистратураро иҷро кардааст. Ковиши илмиаш асосан ба масъалаи муборизаи мардуми тоҷик алайҳи истилоҳгарони араб бахшида шудааст, сари ин мавзӯъ таълифоти ҷолиб ба хидмат овардааст. Ҳамзамон мавриди таърихи маданияти аҷдодии кишоварзии тоҷик, ҳаёти мардумамон дар даврони навин низ асару мақолаҳо зиёд навиштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вахшская долина-жемчужина Тадж. ССР. – Д., 1983;
- Руководство Компартии Таджикистана развитием хлопководства в Кургантюбинской области (1966-1975гг). – Д., 1984;
- Таърихи маданияти аҷдодии кишоварзии тоҷик. – Д., 2004 (ҳаммуаллиф);
- Аз пайроҳа ба шоҳроҳи бозаргонӣ. – Д., 2004;
- Таърихи маданияти аҷдодии кишоварзии тоҷик. – Д., 2004 (ҳаммуаллиф);
- Ҷунбишҳои инқилобии мардуми эронитабор бар зидди Хилофати Араб. – Д., 2005;
- Авроқи рӯзгори мардуми накуном. – Д., 2007 (ҳаммуаллиф);
- Освободительная борьба таджикского народа против Арабского Халифата. – Д., 2007;
- Исторические предпосылки начало консолидации таджиков при Арабском Халифате. – Д., 2009;
- Борьба таджикского народа против Арабского Халифата. – Д., 2010; Нусратулло Махсум-государственно-политический деятель. – Д., 2011.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.