Абдураҳим Неъматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдураҳим Неъматов

Абдураҳим Неъматов (30 апрели 1942, деҳаи Ғозиён, ноҳияи Хуҷанд) — овозхон, ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1984), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи мусиқии Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз (1962) ва Институти педагогии ш. Хуҷанд (ҳоло ДДХ ба номи Б. Ғафуров)-ро (1970) ба итмом расонда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд фаъолият доштааст. Аз соли 1995 корманди раёсати фарҳанги вилояти Суғд мебошад.

Лаёқаташ дар мазҳака бештар зуҳур кардааст, саҳначаҳои ҷолибе дар намоишҳои «Ханда, ханда, ханда», «Кам-кам чақ-чақ аз ҳар ҷо» пешкаши бинандагон гардонидааст. Дар спектаклҳое чун «Модар нигарон буд», «Бедорӣ», «Шабҳои фироқ», «Дар меҳмонии ҳофиз», «Харгӯшаки доно» ва ғайраҳо нақш бозидааст, дар филмҳои «Марҳабо ба Зумрад», «Номзад», «Салом, Гулнора Раҳимовна», «Ҳодиса дар фурудгоҳ», «Камоли Хуҷандӣ», «Падари маҳтобӣ» ҳунараш падид омадааст. Зиёда аз бист суруди ҳаҷвӣ сароида, дар ин жанри душвор устод буданашро собит сохтааст. Коргардон ва барандаи барномаи ҳаҷвии «Як табассум» ва телетеатри «Насриддин Афандӣ» дар телевизиони вилоятӣ буд, ки муштоқони зиёд пайдо кардаанд[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.