Jump to content

Абдусаттор Саидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусаттор Саидов
Таърихи таваллуд 1 апрел 1961(1961-04-01) (63 сол)
Зодгоҳ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология[d]
Алма-матер

Абдусаттор Саидов (Саидов Абдусаттор Самадович; зод. 1 апрел 1961, Пахтакор, ноҳияи Восеъ) — зистшинос, доктори илмҳои биология (2012), узви вобастаи АМИТ (2017)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусаттор Саидов 1 апрели соли 1961 дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро дар соли 1983 хатм намудааст. Дар солҳои 1986—1990 аспиранти Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи АМИТ буд.

Ходими хурди илмӣ (1988—1995), ходими илмӣ (1995—1997), котиби илмӣ (1997—2002), ҷонишини директор доир ба корҳои илмӣ (2002—2003), директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи АМИТ (2003—2015).

Саркотиби илмии АМИТ (2014—2017), Ноиби Президенти АМИТ, Раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АМИТ (аз соли 2017 то ҳол).

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи беш аз 120 корҳои илмӣ, аз ҷумла 5 монография. Муҳаррири масъули нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми ҳайвонот, 2015, 2017). Сармуҳаррири маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шуъбаи илмҳои биология ва тиб» (аз соли 2017).

Ба медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), , нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2015) қадрдонӣ шуда, барандаи Ҷоизаи байналмилалии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи илм ва технология (2017) мебошад.