Абдусаттор Қобилов
Абдусаттор Қобилов | |
---|---|
Абдусаттор Ёқубович Қобилов | |
Таърихи таваллуд: | соли 1915 |
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 6 июли соли 1973 |
Фазои илмӣ: | олим |
Абдусаттор Ёқубович Қобилов - (1915 - 06.08.1973, Хуҷанд), муаррих, номзади илмҳои таърих (1953), дотсент (1955). Иштирокчии ҶБВ, капитани гвардия. ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1941) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ-ро хатм кардааст (1953). Донишҷӯи факултаи аграрии Донишкадаи кишоварзии Ленинобод (1936). Дар маъракаи маҳви бесаводӣ дар Тоҷикистони ҷанубӣ иштирок намудааст. Дар вазифаи сардори хадамоти кимиёвии қисми ҳарбӣ ва сардори сиёсии баталён дар муҳорибаҳои назди Ленинград, соҳили Балтика, муҳосираи Кениксберг ва Пиллау иштирок кардааст. Ассистент, муаллими кафедраи марксизм-ленинизми ДДОЛ (1946-1948), мудири шӯъбаи таблиғот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрии ҲК Тоҷикистон (1948-1950), аспиранти Академияи улуми ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1950-53), ноибректори қисми таълим ва сипас қисми илмии ДДОЛ ба номи С.М.Киров -(1953-1955), мудири кафедраи асосҳои марксизм-ленинизм (1955-1963), дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ (1963-1973), ректори ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1970-1973). Муаллифи бештар аз 30 асари илмӣ оид ба таърихи ҲК Тоҷикистон ва таърихи ҲКИШ.[1]
Эзоҳ[вироиш]
Адабиёт[вироиш]
А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.