Абдушукур Назаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдушукур Назаров
Абдушукур Абдураҳимович Назаров
Noimage.gif
Санаи таваллуд:

10 майи, 1944

Зодгоҳ:

ш.Хуҷанд

Фазои илмӣ:

олим

Абдушукур Абдураҳимович Назаров (10.05.1944, ш.Ленинобод), иқтисоддон, доктори илми иқтисодӣ (1982), узви вобастаи АИ байналхалқии мактабҳои олӣ (1996), профессор. Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1994), профессори фахрии Донишгоҳи Техас (1995). Ташкилкунанда ва рохбари Маркази тайёркунии коркунони мунитсипалӣ (аз с.1999).[1]

Зиндагинома[вироиш]

Абдушукур Назаров шӯъбаи кибернетикаи иқтисодии факултаи иқтисодии Донишгохи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст (1972). Рохбари шӯъбаи банакшагирии оптимали ва идоракуни, бахши иқтисодиёт ва сотсиологияи мехнати Пажӯхишгохи иқтисодии АУ ҶШС Тоҷикистон (1972-81), рохбари шӯъбаи хосилнокии мехнати бахши Тоҷикистонии Пажӯхишгохи кумитаи мехнати Иттифоки Шӯрави дар Душанбе (1981-85), мудири кафедраи менечмент ва информатика, менечмент ва сохибкори, ташкилкунандаи комплекси аудиовизуалии компутарии ДАТ (1985-1998), мудири кафедраи менечмент ва соҳибкории БХДТТ (1998-1999), ходими пешбари илмии Донишкадаи менечмент ва технологияи компутарии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (аз с.2006). Дар Донишгохи Техаси ИМА (1995), дар институти миллии сохибкории Хиндустон (1995), дар Пажуҳишгоҳи миллии сохибкории Ҳиндустон (1995), дар Пажуҳишгоҳи бизнеси миёна ва хурди Туркия (1997, 2002) тачрибаомузи кардааст. Таҳти рохбарии Абдушукур Назаров зиёда аз 10 нафар рисолаи номзади ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ ва методию таълими, аз чумла 10 монография, 12 дастури таълими аст. Иштироккунандаи як катор конфронсу хамоишхои байналхалқи (Коллеч-Стейшен-/ИМА, 1995), Дехли, (1995), Анталия, (2003), Маскав, (2007) мебошад. Бо ифтихорномаи Мачлиси Олии ҶТ (1991) мукофотонида шудааст.

Осори илмӣ[вироиш]

Тадқиқоти Абдушукур Назаров проблемахои менечмент, сохибкори, ҷиҳатхои иҷтимои-иқтисодии болоравии хосилнокии мехнат, татбики усулхои иқтисодию риёзи дар тадқиқоти иқтисоди, тахлил, идоракуни ва такмили низоми мунитсипалиро дар бар мегирад. Многофакторный анализ социальных аспектов повышения производительности труда. -Д.: Дониш, 1975; Методические положения анализа влияния социально-экономических факторов на производительность труда. -Д., 1977; Хосилнокии мехнат мухимтарин омили самараи истехсолот. -Д.: Ирфон. 1978; Социально-экономические факторы роста производительности труда. -Д.: Дониш, 1981; Нормативная чистая продукция в промышленности Таджикистана. ТаджикНИИНТИ. -Д., 1984; Теория анализа хозяйственной деятельности: Учеб.пособие / М-во нар.образования Тадж.гос.ун-т им. В.И.Ленина. -Д., 1989 (в соавт.); Назарияи тахлили иқтисоди: Китоби дарси. -Д., 1991; Муниципальный менеджмент. Учебное пособие. -Худжанд: Сомон, 2004.

Сарчашма[вироиш]

  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html

Пайвандхои беруна[вироиш]