Jump to content

Абдуқаюм Мамадазимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуқаюм Мамадазимов
Абдуқаюм Абдулғаниевич Мамадазимов
Таърихи таваллуд 27 январ 1986(1986-01-27) (38 сол)
Зодгоҳ , Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Абдуқаюм Абдулғаниевич Мамадазимов (тав. 27.01.1986) — муаррихи тоҷик, номзади илмҳои таърих (2019)..

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуқаюм Мамадазимов, солҳои 1993–2004 дар гимназияи №74 шаҳри Душанбе таҳсил намуда, солҳои 2004-2009 дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил кардаааст. Аз соли 2016 то 2019 дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз соли 2019 дотсенти кафедраи таърихи умумии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи 9 кори нашршуда, аз ҷумла барномаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ – тадқиқотӣ мебошад.

  • Нақш ва ҷои ҳамкориҳои гуманитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар солҳои аввали барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба. // Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир. Д., 2019. - № 2. С. 78.;
  • Хусусиятҳои барқарор намудани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар солҳои аввали истиқлолият // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Д., 2019. - № 1. - С. 85;
  • Тавсеаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА пас аз имзои Созишнома истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ // Паёми Донишгоҳи педагогӣ. - Д., 2019, - № 1 (78). - С. 91;
  • Вазъи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар солҳои аввали асри XXI // Ахбори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. - Д., 2019. -№3. - С. 73-78;
  • Ҷанбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии барқарор намудани муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико». // Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Д., 2019. - № 2. - С. 75.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ