Jump to content

Абуабдуллоҳи Тирмизӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуабдуллоҳи Тирмизӣ
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн, маъруф ба Ҳакими Тирмизӣ
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи даргузашт: 908(0908)
Вироиши Викидода

Абуабдуллоҳи Тирмизӣ (Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн, маъруф ба Ҳакими Тирмизӣ , соли таваллуд номаълум - 908 Тирмиз) — мутафаккири мутасаввиф ва таърихнигору муҳаққиқи дин.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз кӯдакӣ ба омӯзиши илм шавқи бисёре дошт. Илмҳои замонашро назди машоиху олимони Тирмизу Балх омӯхта, бо суфиёни Хуросон ошноӣ пайдо кард. Дар 27-солагӣ ба мусофират баромада, муддате дар Басра иқомат гузид ва сипас ба Макка рафт. Зимни сафар бо баъзе машоихи суфияи Ҳиҷозу Ироқ низ ҳамсуҳбат шуда, майли гӯшанишинӣ пайдо кард. Баъди аз сафар баргаштан вақти бештари худро ба риёзату муҷоҳада гузаронид ва дар гӯшаи узлат ба таълифи асарҳо пардохт. Ба Абуабдуллоҳи Тирмизӣ зиёда аз 126 асарро мансуб медонанд, ки муҳимтаринашон «Наводир-ул-усул», «Хатм-ул-вилоят», «Китоб-ур-риёзат ва адаб-ун-нафс», «Арш-ул-муваҳиддин», «Китоб-ут-тавҳид» мебошанд. Ин асарҳо ба масъалаҳои илми калом, ҳадис, фиқҳ, тасаввуф, тафсир ва фалсафа бахшида шудаанд. Абуабдуллоҳи Тирмизӣ дар таълимоташ мақоми валиро аз набӣ баланд гузошт, ки ин боиси шӯру ғавғои мардум гардид ва ӯ маҷбур шуд ба Балху Нишопур сафар кунад. Вале баъзе муҳаққиқон мӯътақиданд, ки ӯ дар асл мункири ин ақида аст, зеро дар «Наводир-ул-усул» аз авлиё мақоми бештар доштани анбиёро таъкид кардааст. Эҷодиёти ӯ ба ташаккулу такомули тасаввуф ва калом таъсири амиқ расонидааст. Таълимоти ӯро шогирдаш Абубакри Варроқ интишор додааст.