Jump to content

Абуабдуллоҳ Ҷайҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абуабдуллоҳи Ҷайҳонӣ)
Абуабдуллоҳ Ҷайҳонӣ
Таърихи таваллуд асри IX
Таърихи даргузашт 925
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ (форсӣ: ابوعبدالله محمد بن احمد جیهانی‎; асри IX925, Бухоро) — ҷуғрофиёдон, вазири Оли Сомон (976—977), намояндаи хонадони Ҷайҳониён, муаллифи «Ашколу-л-олам»

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замоне, ки амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ба ҳадди булуғ нарсида буд, масъули таълиму тарбияти вай ва ҳамчунин мутафаккили вазорат буд. Ба маҳзи онки вай ба вазорат расид, ба тамоми кишварҳо нома навишт ва аз онон дархост кард, то равишҳои худ дар идораи кишварашонро барояш бинависанд, то вай беҳтарин равишро барои идораи кишвараш интихоб кунад. Ӯ дар даврони вазорати худ дастгоҳи Сомониро муназзам кард. Ӯ касе аст, ки боиси мусофирати Абӯдулаф ба Ҳинд шуд.

Дар китоби «Осор ул-вузаро» аз Сайфиддинҳоҷӣ нисбати вазири донишманди сулолаи Сомониён, муаллифи асарҳои ҷуғрофӣ ва таърихӣ, аз ҷумла таснифкунандаи асари нодири «Ашкол ул-олам» Абӯабдуллоҳ Муҳаммад бини Аҳмад Ҷайҳонӣ, ки соли 941 ҳангоми зилзила ҳалок шудааст, маълумоте оварда нашудааст.

Барои оромиву суббот ва тараққии давлати сомонӣ дар аҳди Насри II ибни Аҳмад нақши вазири ӯ Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ хеле калон буд. Ӯро барои хидматҳояш дар дарбори сомонӣ бо лақаби «шайх-ул амид» ёдовар мешуданд. Маҳз хирадмандиву кордонии ин вазир буд, ки аморати Насри хурдсол чунин шукуфо гардад.[1]

Ибни Фазлон, сафири халифаи аббосӣ дар «Сафарнома» — и худ соли 921 аз Ҷайҳонӣ ба неки ёд намуда менависад: «Ҷайҳонӣ соли 941 ба асари ҳодисаи зилзилаи шадид ҳалок гардидааст. Ӯ дорои таълифот дар ҷуғрофиё ва оини мамлакатдорӣ ва мазоҳиби мухталифаи милал аст…».[2] Ҷайҳонӣ дар радифи сайёҳони бузурги ҷаҳони ислом, монанди Ибн Батута ва Абдураззоқи Самарқандӣ қарор мегирад. Ӯ дар қисмати зиёди Осиё сафар намуда ёддоштҳои зиёд ва боарзиш роҷеъ ба муҳити он давра ба ёдгор гузоштааст. Ҷуғрофиёнависони машҳур чун Муқаддасӣ, Ибн Ҳавқал, Идрисӣ, Ибн Рушт, Гардизӣ ва нависандаи гумноми китоби «Ҳудуду-л-олам», аз осори Ҷайҳонӣ истифода намудаанд.[3]

Ба маълумоти ҷуғрофиёшиноси араб ал-Масъудӣ Ҷайҳонӣ муаллифи асари нодири ҷуғрофие мебошад, ки дар бораи мамолику шаҳрҳо, баҳру дарёҳо ва халқҳое гуногуне мебошад. Ин асари ӯ то замони мо нарасидааст.[4]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с. 105—106.
  2. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 61.
  3. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 62.
  4. История таджикского народа. Том II. Эпоха формировании таджикского народа. — Душанбе, 1999, — с. 504.