Насри II ибни Аҳмад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Насри II ибни Аҳмад — солҳои 914-943 наздик ба 30 сол амири давлати Сомониён буд. Дар айёми ҳукумронии ӯ вазири донишманд ва олими ҷуғрофиядон Абдулло Муҳаммад ибни Аҳмади Ҷайҳонӣ идоракунии мулкро бар ӯҳда дошт.

Ошӯбу фитнаҳои дохилӣ[вироиш]

Бо кушта шудани Аҳмад ба дарбори сомонӣ писари ҳаштсолаи ӯ Насри II-ро бар тахт нишониданд. Бо шунидани ин хабар Исҳоқ ибни Аҳмад, ки қаблан даст ба шӯриш зада буд, интихоби кӯдакеро ба амирии Хуросон хилофи ақлу тадбир шуморида, дар Самарқанд исён бардошт. Сипоҳи Насри II дар ду набард Исҳоқро шикаст дода, ӯро дар банд кашид ва ба Бухоро овард, то дар он ҷо даргузашт. Шӯриши дигаре, ки Насри II ва дарбори Сомониёнро музтариб кард солҳои 914-915 бо роҳбарии Ҳусайн ибни Алии Марврудӣ (Марвазӣ) рух дод. Маркази ин шӯриш Нишопур ва Ҳирот ба ҳисоб мерафт. Ин наҳзат решаи иҷтимоӣ дошта, зери шиорҳои доиёни исмоилӣ амалӣ мегашт ва бо хилофати исмоилии Фотимиён дар иртибот буд. Саркардаи сомониҳо Аҳмад ибни Саҳли Марвазӣ, ки ба навиштаи сарчашмаҳо аз насли Яздигурди III буд, шӯришро фурӯ нишонида, пешвоёни онро дастгир ва ба Бухоро фиристод. Каме баъдтар худи Аҳмад ибни Саҳл, ки аз дарбори сомонб ранҷида буд, даст ба шӯриш зад. Ин воқеа соли 918 рух дод, аммо дарбори Насри II ба он муваффақ гашт, ки ин шӯришро низ пахш созад. Ба Насри II лозим омад, ки исёни бародаронаш Яҳё, Мансур, Иброҳимро, ки байни солҳои 927-929 рух дод, саркӯб намояд. Амир Насри II муддати зиёде барои ором ва мутеъ сохтани ноҳияҳои Гургон, Табаристон ва Рай талаф карда, ба ин манзур аз хазинаи давлат маблағҳои зиёдеро ҳам сарф намуд. Шӯриши дигаре, ки дар замони Насри II рух дод бо роҳбарии Абӯалӣ Илёс яке аз сардорони низомии Сомониён (байни солҳои 933-935) дар Кирмон ба амал омад.

Ҳаракати карматӣ[вироиш]

Дар охирҳои салтанати Насри II ҳаракати карматӣ (исмоилия) сар зад ва қувват гирифт. Сарвари ҳаракат Ҳусайн ибни Алии Марвазӣ буд, ки дар набарде асир афтода дар зиндони Бухоро ҳалок шуд. Дар Мовароуннаҳр саркардаи карматиҳо Муҳаммад ибни Аҳмади Нахшабӣ буд, ки аз Насри II талаб кард, ки ба ивази дар ҳабсхонаи Бухоро ҳалок шудани Ҳусайн ибни Алии Марвазӣ, ки иҷрокунандаи супоришҳои махфии фотимиён буд, ба халифаи Миср 119 ҳазор динор тавон диҳад. Насри II, ки тарафдори ҳаракати карматӣ (исмоилия) гардида буд, ба додани ин маблағ розӣ шуд.[1]

Даст кашидан аз тахт[вироиш]

Ҳамаи ин ба норозигии рӯҳониёни ислом боис гардид. Рӯҳониён зидди амир сӯиқасд ташкил карданд. Вале писари амири мазкур Нӯҳ аз ин сӯиқасд хабардор шуд. Сӯиқасдчиён ҷазои сахт гирифтанд. Насри II баъди ғалаба аз болои душманони худ эълон кард, ки аз тахти подшоҳӣ даст кашида писараш Нӯҳро ба ҷойи таъин мекунад.

Нӯҳ ибни Насри II баъди расман ба тахт нишастан худ Нахшабиро ба дор кашид ва қатли оми карматиҳо дар сар то сари мамлакат оғоз ёфт.[2]

«Асри тиллои»-и Сомониён[вироиш]

Бо вуҷуди ҳамаи нооромиҳо замони аморати Насри II беҳтарин давраи Сомониён ё ба таъбири дигар «асри тиллоии» ин хонадон ба ҳисоб меравад. Лақаби ӯ амири «саъид» буд. Барои оромиву суббот ва тараққии давлати сомонӣ дар аҳди Насри II нақши вазири ӯ Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ (914-921) хеле калон буд. Ӯро барои хидматҳояш дар дарбори сомонӣ бо лаҳаби «шайх-ул амид» ёдовар мешуданд. Маҳз хирадмандиву кордонии ин вазир буд, ки аморати Насри хурдсол чунин шукуфо гардад. Абулфазли Балъамӣ (921-937) дигар аз вазирони Наср ба ҳисоб мерафт ва дар аҳди вазорати ӯ дарбори Сомониён ба маркази ҷамъомади олимону шоирон гардид. Абулфазли Балъамӣ ҳомиву пуштибони Рӯдакӣ дар дарбор буд. Аҳли дарбор Балъамиро бо унвонҳои «Балъамии кабир», «Мир Абулфазл», «Шайхи ҷалил» ва ғайра хитоб мекарданд. Саввумин вазири Насри II Абӯалии Ҷайҳонӣ (938-941) ба ҳисоб меравад, ки аз хонаводаи маъруфи Балъамиҳо бархоста буд.[3]

Сарчашма[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 105.
  2. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 8.
  3. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 105-106.

Портал:Таърих