Jump to content

Абулфатҳи Систонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфатҳи Систонӣ
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Абулфатҳи Систонӣ (форсӣ: ابوالفتح سیستانی‎; қарни XVII) — шоир ва давлатмарди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Илова бар ҳукуматдорӣ, дар сурудани шеър маҳорати хос дошт. Гарчанде дар сиёсат бо бародараш Малик Ҳамза ихтилофе надошт, аммо дар заминаи шеъру шоирӣ бо ӯ ихтилоф дошт. Ҳамза Ғофили Систонӣ ин рубоиро хитоб ба бародараш Абулфатҳи Систонӣ сурудааст:

Бар хотири отират ғуборе нарасад,
Аз гуфтаи ман ту ниқоре нарасад.
Ҳарчанд тилои хотират ғаш нест,
Бе заҳмати оташ ба ъиёре нарасад.

Абулфатҳ низ пас аз дидани рубоии бародараш, дар ҷавоб чунин месарояд:


Назмам зи шароби маънавӣ саршор аст,
Дари кешро ҳушёрӣ, эй дар кор аст.
Муҳтоҷи ба пойи мардӣ оташ нест,
Нақди суханам, тилои дастафшор аст.

  • حیدرعلی دهمرده — وحید کیخا مقدم — عبدل علی اویسی (۱۳۸۰)، کتاب شاعران سیستان، ناشر روابط عمومی دانشگاه زابل