Абулянбағӣ
Зоҳир
Таърихи даргузашт: | 844 |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Абулянбағӣ Аббос ибни Тархон (форсӣ: ابوینبغی عباس بن طرخان; ? — 844) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, Абулянбағӣ аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ шеър гуфтааст. ӯ надими Бармакиён (хонадони қадими тоҷикон дар Балх) буда, бо забони арабӣ низ шеър эҷод мекардааст. Муаллифи китоби «ал-Масолик ва-л-мамолик» ибни Хурдодбеҳ, ки худ аз сайёҳони эронинажоди араб буд, аз ашъори форсӣ-тоҷикии Абулянбағӣ чор мисраи зеринро:
- Самарқанди кандманд
- Ба-д-инат кӣ афканд.
- Аз Чоч та беҳӣ,
- Ҳамеша та хуҳӣ.
- (Самарқанди ободон,
- Кӣ туро ба ин ҳол афканд?
- Аз Чоч (Тошканд) ту беҳтарӣ,
- Ҳамеша ту хубӣ)
овардааст, ки он қадимтарин шеъри тоҷикӣ буда, ба вазни ҳиҷоӣ суруда шудааст. Аз ашъори Абулянбағӣ ба ҷуз ҳамин чор мисраъ чизи дигаре дастрас нагардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.