Jump to content

Абулқосим Искофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулқосим Искофӣ

Абулқосим Алӣ ибни Муҳаммади Искофии Нишопурӣ (форсӣ: ابوالقاسم علی بن محمد اِسکافی نیشابوری‎; ? — дарг: 965) — дабир ва шоири арабизабон, яке аз коргузорони саршиноси дарбори Сомониён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз нисбаи аввалаш «Искофӣ» пайдост, ки вай, зоҳиран, аз оилаи косиби мӯзадӯз бархостааст. Нисбаи дуюмаш — «Нишопурӣ» аз Нишопур будани И.-ро тасдиқ мекунад (Ёқут, ҷ.14, с.157). Саолибӣ дар «Ятимату-д-даҳр» Искофиро «забони балеғи Хуросон» ва «ягонаи даврон дар китобату суханварӣ» дониста, дар Нишопур дар назди устоди номвар ал-ҳасан и. Меҳрҷон таҳсили илму дониш намуданашро таъкид кардааст (Саолибӣ, ҷ.4, с.108). Баъди анҷоми давраи таҳсил И. дар яке аз девонҳо солҳои зиёд фаъолият мебарад ва дар коргузориву иншои расоили расмӣ табаҳҳури комил касб мекунад. Бино ба ишораи Саолибӣ, И. пас аз ин ба хидмати сипаҳсолори сомонӣ ва волии Хуросон — Абӯалии Чағонӣ (ваф. с.956) даромада, раёсати девони расоили ӯро бар ӯҳда ирифт. Дар ин вазифа И . б а ҳайси дабири забардаст шӯҳрат пайдо кард ва овозааш ба Бухоро — ба амири cомонӣ расид. Амир Нӯҳ и. Наср (ҳукм. солҳои 943—954) И.-ро аз Абӯалии Чағонӣ талаб кард, вале бо баҳонаҳое чанд И. аз рафтан ба дарбори Сомониён имтиноъ варзид. Дар ин миён Абӯалии Чағонӣ бар зидди амир Нӯҳ и. Наср исён кард, вале дар муҳорибаи назди Ҷурҷон шикаст хӯрда, ба Чағониён фирор кард. Иддае аз наздикони Абӯалӣ асир афтода, ба Бухоро ирсол шуданд, ки миёни онҳо И. низ буд. Баъди муддате Нӯҳ и. Наср И.-ро аз ҳабс озод намуда, ӯро ҷонишини сарвари девони соҳибу-л-барид — Абӯабдуллоҳи Кулаҳ маъруф ба «Шайху-л-амид» таъйин намуд. Абӯабдуллоҳ, зоҳиран, сарвар буд, аммо кулли фаъолияти девони мазкурро И. танзим мекард. Баъди марги Абӯабдуллоҳи Кулаҳ шӯҳрати И. ба маротиб афзуд. Дар сарчашмаҳо ҷиҳати таъкиди маҳорати беҳамтои И. дар китобат ва суханварӣ воқеаи зерин нақл шудааст: «Боре амири ҳамид қабл аз раҳсипорӣ ба шикор ӯро фармуд, ки ба яке аз волиёни музофот мактубе нависад. И. дар зиёфати дӯстонаш саргарми сӯҳбат шуда, амри шоҳро фаромӯш к ард. Б аъди б озгашт а з ш икор а мир аз И . н омаро т алабид. И . в арақи холӣ дар даст дар назди амир Нӯҳ истод ва қадаме чанд дуртар аз амир нишаста, ч унин вонамуд с охт, ки номаи тӯлониро мехонад. Амири ҳамид фикр кард, ки И. мусаввади мактубро хонда истодааст ва фармуд, то онро рӯнавис намояд» (Саолибӣ, ҷ.4, с.110). И. дар солҳои нахустини фармонравоии Абдулмалик и. Нӯҳи Сомонӣ (ҳукм. солҳои 954—961) низ дар девони соҳибу-л-барид фаъолияташро идома бахшида, мартабааш зиёдтар мегардид, вале пас аз муддате ба беморие мубтало гардида, аз олам чашм пӯшид (Саолибӣ, ҷ.4, с.112). Аз ин ҷо, вафоти И.-ро дар ҳудуди солҳои 955—956 тахмин кардан дур аз савоб нахоҳад буд. Аммо Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» ду ҳикоят аз рӯзгори И. оварда, фаъолияти ӯро бо замони фармонравоии Нӯҳ и. Мансури Сомонӣ (ҳукм. солҳои 976—997) пайванд донистааст (Низомии Арӯзӣ, с.34-38). Зоҳиран, муаллифи «Чаҳор мақола» дар ин маврид дучори иштибоҳе шуда, ки он аз омезишии Нӯҳ ибни Наср бо Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ сар задааст.

Аз ашъори И. дар ҳудуди 20 байт боқӣ мондааст, ки мазмуни ҳаҷвӣ ва васфӣ доранд. Саолибӣ истеъдоди нависандагии И.-ро аз маҳорати шоирии ӯ болотар гузошта, аз ин лиҳоз миёни вай ва алломаи араб — Ҷоҳизи Басрӣ (ваф. с.869) хатти мувозӣ кашидааст (Саолибӣ, ҷ.4, с.110). Рисолаҳои И. бо насри мусаҷҷаъ таълиф гардида, дар онҳо ҳикмату андарзҳо фаровон корбаст шудаанд. Саолибӣ қисмате аз ҷумлаҳои кӯтоҳ ва нукоти ҷолиби И.-ро зикр кардааст, ки ҳукми зарбулмасалу мақолҳоро ба худ гирифтаанд (Саолибӣ, ҷ.4, с.111).