Абумансур Наср ибни Аҳмади Чағонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абумансур Наср ибни Аҳмади Чағонӣ

Абумансур Наср ибни Аҳмади Чағонӣ (форсӣ: ابو منصور بن احمد بن محمد بن مظفر بن محتاج‎; ? — қарни Х) — сипаҳсолор дар даврони Насри Сомонӣ, ҳокими Тирмизу Чағониён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абӯалии Аҳмад сипаҳсолориву аморати Хуросонро бозёфт, писараш – Абумансурро ба ҳукумати Тирмизу Чағониён гумошт. Аз он пас ӯ дар манобеъ ёд нашудааст. В. В. Бартолд ҳадс мезанад, ки бар асари таблиғоти Доъии фотимӣ Бумансур ба мазҳаби шиъа гаравид. Ибни Асир тасреҳ карда, ки Абӯалии Аҳмад ва писараш дар вабои Рай даргузаштанд, вале ӯ номи ин писарро ёд накардааст. Эҳтимол дорад, ки мурод Бумансур бошад, ки баъди азли падараш аз иморати Хуросон бо вай ба Рай рафт ва дар ҳамон ҷо даргузашт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]