Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абутуроби Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абутуроби Исфаҳонӣ
Таваллуд 1581
Даргузашт 1662
Навъи фаъолият хушнавис

Абутуроби Исфаҳонӣ (форсӣ: ابوتراب اصفهانی‎; 1581, Исфаҳон1662, Исфаҳон), мутахаллис ба Туробо шоир, хушнавис ва настаълиқнависи форс-тоҷик, яке аз маъруфтарин шогирдони Миръимод.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нозукиҳои хаттотӣ ва хушнависиро аз Мулло Алӣ Фоизӣ ва Мир Имоди Сайфи Қазвинӣ омӯхтааст. Дар навиштан ба хатти настаълиқ ба дараҷаи устодӣ расида, баъдан ба таълими хушнависӣ машғул буд. Аз Абутуроби Исфаҳонӣ осори кам боқӣ мондааст. Ӯ чанд қитъа ва китоби «Саҳбату-л-аброр»-и Абдурраҳмони Ҷомиро китобат кардааст, ки ҳоло дар китобхона-осорхонаи «Гулистон»-и Эрон маҳфузанд.

  • Ḥabībollāh Fażāʾelī (February 1971), Aṭlas-e Ḫaṭṭ : Taḥqīq dar Ḫuṭūṭ-e Islāmī (Research in the Islamic scripts) (in Persian), Isfahan, pp. 541—542