Абӯлаббос ибн Марвон ас-Сарахсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абӯлаббос ибн Марвон ас-Сарахсӣ
Абӯлаббос ибн Марвон ас-Сарахсӣ
Таърихи таваллуд 820
Зодгоҳ ш. Марв
Таърихи даргузашт 899 Бухоро
Пеша(ҳо) олим ва оҳангсози тоҷик

Абӯлаббос ибн Марвон ас-Сарахсӣ - олим, мусиқишиноси тоҷик-форс. Асосҳои илмҳои замонаашро дар зодгоҳаш аз падараш, ки дар улуми дақиқ, дунявӣ даст дошт, омӯхт. Aс-Сарахсӣ аз овони ҷавонӣ ба омӯхтани илмҳои риёзӣ, шеър ва мусиқӣ машғул шуда, заминаҳои амалӣ ва назарии муси-қиро аз донандагони мусиқӣ (Алии Бармакӣ, Муҳаммади Мадинӣ) фаро гирифтааст. Ӯ ба марказҳои фарҳангии хилофат Бағдод, Димишқ, Басра сафар намуда, муддати чанд дар фарҳангистони ҳунари Бағдод аз асосҳои назарии мусиқӣ дарс дода, Абӯлфараҷи Исфаҳонӣ («Китоб-ал-оғонӣ») ва дигарон аз ӯ мусиқӣ омӯхтаанд. Абӯлаббос ибн Марвон ас-Сарахсӣ охири умр ба Бухоро омада, муддате дар мадорис улуми дақиқ ва дунявиро тадрис намуд. Ӯ роҷеъ ба мусиқӣ рисолаҳои «Китоб-ал-мадхал-ал-илм-ал-мусиқӣ», «Китоб-ат-тараннум», «Китоб-ал-мусиқӣ вал шеър» нигошта, бинобар ба тавзеҳи Ибни Абӯусайбия («Уйюн-ал-анбаъ...») дар рушди мусиқии назарии Мовароуннаҳр, Хуросон, эҷоди асарҳои Форобӣ, Ибни Сино, Ибни Зайла ва дигарон таъсири боризе доштааст.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён. - Душанбе, 2000;
  • Баркашлӣ М. Мусиқии Форобӣ. - Теҳрон, 1350:
  • Баркашлӣ М. Андешаҳои илмии Форобӣ дар бораи мусиқӣ..., - Теҳрон, 1357.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 17 ISBN 978-99947-49-13-3