Jump to content

Бибидавлат Авзалшоева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Авзалшоева Бибидавлат)
Бибидавлат Авзалшоева
Бибидавлат Аскаршоевна Авзалшоева
вакили маҷлиси намояндагони мо ҷт

Таваллуд
Ҷоизаҳо медали чашнии «20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бибидавлат Авзалшоева - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV ва V

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна 1 сентябри соли 1960 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ.

  • Соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
  • Фаъолияти кориашро соли 1977 ба ҳайси телетайписти рӯзномаи «Бадахшони Советӣ» дар шаҳри Хоруғ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои мутахассиси комиссияи банақшагирии Кумитаи иҷроияи вилоят, муовини раиси Кумитаи омор, роҳбари Хадамоти муҳоҷират, раиси Иттифоқҳои касаба ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст.
  • Аз моҳи марти соли 2010 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  • 1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонинтихоб шудааст.[1]

Дар соли 2011 бо медали чашнии «20 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.[2]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон