Jump to content

Ҳавонавардии низомӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Авиатсияи ҳарбӣ)
A-10 Thunderbolt II, F-86 Sabre, P-38 Lightning и P-51 Mustang, намоиши авиатсияи ҳарбӣ дар Лэнгли, Виргиния, ИМА

Ҳавонавардии низомӣ (форсӣ: هوانوردی نظامی‎), авиатсияи ҳарбӣ — ҳамаи навъҳои ҳавонавардӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои низомӣ таъйин шудаанд.

Аввалин халабонони ҳарбӣ

Соҳаҳои асосии ҳавонавардии низомӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ (ҚҲҲ), авиатсияи Флоти ҳарбии баҳрӣ (ФҲБ) ва авиатсияи Қӯшуни мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ. Авиатсияи Флоти ҳарбии баҳрӣ яке аз навъҳои асосӣ ва (манёврноктарин)-и қувваҳои ФҲБ буда, барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар арсаи муҳорибаҳои баҳрӣ таъйин шудааст Вай вазифаи худро мустақилона ё якҷоя бо диг. қувваҳои флот, авиатсияи дурпарвоз ё фронтӣ ва авиатсияи Қӯшуни мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ иҷро мекунад. Авиатсияи ФҲБ аз авиатсияи ракетаандоз, зиддизаврақ, разведкавӣ ва ғайра ташкил меёбад. Авиатсияи Қӯшуни мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ яке аз навъҳои асосӣ ва манёврноктарини Қӯшунҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоист Вай аз авиатсияи қиркунанда ва қисмҳои авиатсияи фаръӣ иборат аст. Вазифаи авиатсияи қиркунанда (АҚ) мустақилона ё якҷоя бо қувваю воситаҳои Қӯшуни мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ ва авиатсияи қиркунандаи ҚҲҲ дар ҳаво нобуд кардани воситаҳои ҳуҷуми ҳавоӣ: самолётҳо, ракетаҳои қанотдор, аэростат ва ғайра мебошад. Муҳимтарин хусусиятҳои ҷангии авиатсияи қӯшуни: манёврнокӣ, аслиҳаи пуриқтидор, лаёқати ҳамеша ва дар ҳар шароити обу ҳаво, дар масофаи аз объекти мудофиа дур нобуд кардани нишонҳои ҳавоӣ. Тарзи асосии амали ҷангии авиатсияи қӯшуни пешгирӣ кардани нишонҳои ҳавоӣ мебошад. Дар мавридҳои алоҳида усули ҷустуҷӯ ва дарёфти нишон ҳам истифода мешавад.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Як навъи қувваҳои мусаллаҳанд, ки мавриди иҷрои вазифаҳои оперативию (фаврию) стратегӣ барои мустақи­лона ё якҷоя бо дигар навъҳои қувваҳои мусаллаҳ амал кардан таъйин шудаанд. Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ барои зарба задан ба қӯшунҳои авиатсионӣ, ракетӣ, хушкигарду баҳрии душман, вайрон кардани муҳимтарин объектҳои ҳарбии ақибгоҳи он, ёрӣ расондан ба амалиёти қӯшунҳои хушкигард ва ФҲБ, разведкаи ҳавоӣ, кашондани десанти ҳавоӣ ва яроқу аслиҳаи он, таъминоти манёври қӯшунҳо ва ғайра имконият доранд. Хусусиятҳои асосии қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ чун намуди қувваҳои мусаллаҳ манёврнокии баланд, доираи васеи амалиёт, лаёқати фавран тағйир додани самт ва объекти зарба, имконияти зарбазании ногаҳонӣ ба ақибгоҳи дур, объектҳои хурду калони сокину мутаҳаррики душман мебошанд.

Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қувваҳои ҳарбии ҳавои Тоҷикистон Аз авиатсияи ҷангӣ ва ҳарбии нақлиётӣ иборат буда, бо самолётҳои бомбаандози фронтӣ ва қиркунанда, самолётҳои ҳарбии нақлиётӣ ва вертолётҳо мусаллаҳ аст.

Қувваҳои ҳарбии ҳавои давлатҳои пешрафта

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ давлатҳои пешрафтаи дунё аз ҷумлаи (ШМА, Россия, Хитой, Франсия ва ғайра) аз авиатсияи стратегӣ, тактикӣ, ҳарбии нақлиётӣ ва авиатсияи Қӯшуни мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣиборат мебошад.

Иттиҳодияҳои ракетаҳои баллистикии байниқитъавӣ ва воситаҳои ҳарбии кайҳонӣ низ дохил мешаванд. Авиатсияи бомбаандоз ба объектҳои рӯйизаминӣ ё баҳрии душман бо бомбаю ракетаҳо зарба мезанад. Мувофиқи таъйинот ва сифатҳои парвозию тактикии самолётҳо авиатсияи бомбаандоз ба дурпарвоз (стратегӣ) ва фронтӣҷудо мешавад. Қувваҳои ҳарбии ҳавои Россия самолётҳои қиркунандаи МиГ-29, МиГ-31, Су-27, Су-57,бомбаандози дурпарвози Ту-22М3, бомбаандози стратегии Ту-160, дар авиатсияи ШМА самолётҳои қиркунандаи F-16 "Файтинг-Фалкон", «Стелс», «Фантом», Е-3, вертолётҳои «Саркбайт», НС-2 «Дрейкс-Дакс», дар Британияи Кабир самолётҳои қиркунандаи «Торнадо», «Харриер», дар Франсия самолёти қиркунандаи «Мираж-4000» рӯйи кор омадаанд.

Ҳавонавардии низомии таробарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо мақсади кашондани десанти ҳавоӣ, силоҳу муҳимот, сӯзишворӣ, озуқа ва диг. таҷҳизоти ҷангӣ, инчунин барои таъмини манёври қӯшунҳо хидмат мекунад. Самолётҳои ҳарбии нақлиётӣқӯшун, техникаи вазнини ҷангӣ, аз ҷумла ракетаю танкҳо, дастгоҳҳои артиллерии худгард ва ғайраро ба масофаҳои дур кашонда метавонанд. Дар марҳилаи ҳозира мавқеи авиатсияи ҳарбии нақлиётӣ беш аз пеш афзуда истодааст. Бо аслиҳаи ядроӣ мусаллаҳ гардидани Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ боиси тағйироти куллии шаклу усулҳои истифодаи ҷангии он гардид. Баробари ин такомули техникаи авиатсия ҳам идома меёбад.

Ҳавонавардии қиркунанда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар авиатсияи қиркунанда самолётҳои фавқуссадо, ки бо ракетаҳои идорашаванда мусаллаҳанд, истифода мешаванд, авиатсияи дурпарвоз бо самолётҳои нави турбореактивӣ ва турбовинтӣ таъмин гардидааст, имконияти ҷангии ҚҲҲ ва қудрати зарбаи онҳо ниҳоят баланд шуд. Солҳои охир дар қувваҳои муссалаҳи кишварҳои хориҷӣ намудҳои нави самолёту вертолёт мавриди истифода қарор гирифтанд.