Авҳадуддин Авҳадии Мароғаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Авҳадуддин Авҳадии Мароғаӣ
Номи пурра

Авҳадуддин Авҳадии Мароғаӣ

Санаи таваллуд:

1274(1274)

Зодгоҳ:

Мароға

Санаи марг:

1338

Маҳалли марг:

Мароға

Навъи фаъолият:

нависанда

Солҳои эҷод:

мутафаккир

Авҳадуддин Авҳадии Мароғаӣ (Рукнуддин) ибни Ҳусайни Исфаҳонӣ (1274, Мароға – 1338, ҳамон ҷо) — мутафаккири мутасаввифи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Дар зодгоҳаш илмҳои замонашро омӯхта, ба касби илми ҳикмату ирфон пардохт. Дар фиқҳ ба мазҳаби шофеӣ майл дошт. Аз ҷавонӣ ба сафар шавқманд буд ва мувофиқи маълумоти ҳамзамононаш сафарҳои бисёре ба Бағдод, Димишқ, Ҳамадон, Исфаҳон ва дигар шаҳрҳо кардааст. Авҳадии Мароғаӣ роҷеъ ба мусофиратҳои худ дар осораш низ ишораҳо намудааст. Поёни умри худро дар зодгоҳаш гузарондааст.

Осори илмӣ[вироиш]

Осори Авҳадии Мароғаӣ аз девон, ду манзума бо номҳои «Ҷоми Ҷам» ва «Даҳ нома» ё «Мантиқ-ул-ушшоқ» иборат мебошад. Бино ба қавли Абдулҳусайни Зарринкӯб «Даҳ нома» ба яке аз набераҳои Насируддини Тусӣ эҳдо шуда, он паёми ошиқонаи хаёлиест, ки байни ошиқи беном ва маъшуқи бенишон радду бадал шудаанд. Ин манзума аз 513 байт иборат буда, бо сабку шеваи Низомию Фахруддини Гургонӣ иншо шудааст. Девони Авҳадии Мароғаӣ шомили қасида, ғазал, рубоӣ буда, ғазалҳояш содаву латофати хос доранд ва тарзи нигориши ғазалҳои Саъдию Саноӣ ва Ироқиро ба ёд меоранд. Афкори ахлоқию ирфонии мутафаккир дар «Ҷоми Ҷам» гирд оварда шудаанд. Дар он ҳикмати амалии суфия баръалоина намудор аст.

Адабиёт[вироиш]

  • Зарринкӯб Абдулҳусайн, Арзиши мероси суфия, Т., 1366;
  • Доктор Алиасғари Ҳалабӣ, Мабонии ирфон ва аҳволи орифон, Т., 1385.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]