Jump to content

Агломератсияи шаҳр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Агломератсияи Шаҳр)

Агломератсияи Шаҳр (аз лотинӣ agglomero – ҷамъ меоварам) — ҳамроҳшавии шаҳрҳои хурд, шаҳракҳо ё ҳудудҳои маскуни музофот дар атрофи шаҳри калон. Истилоҳи Агломератсияи шаҳрро географҳо ва урбанистҳои (шаҳрпарастони) франсавӣҷорӣ кардаанд. Ташаккули Агломератсияи шаҳр аз садаи XIX сар шудааст. Ҳамвора бо тараққӣ кардану васеъ гардидани шаҳри асосӣ рустову деҳкадаҳо, нуқтаҳои алоҳидаи аҳолинишин, манзилу мулкҳои қад-қади шоҳроҳҳо ҷойгирифта ва ғайра бо он махлут мешуданд. Агломератсияи шаҳри замонавӣ дар шакли вусъатёбии сохтмони иморатҳои бисёрошёнаи муттасил ё ҷо-ҷо биноёфта (баъзан байни биноҳои баланд боқимондаи деҳе ё муҳити табиӣ нигоҳ дошта мешавад), бунёд гардидани шабакаи роҳу шоҳроҳҳо, тағйири шароити зисту фаъолияти сокинони музофот, таҳкими алоқаҳои иқтисодию фарҳангии онҳо бо марказ ва ғайра зоҳир мешавад (барои кор ё таҳсил ба шаҳр омада рафтани сокинони музофот; барояшон дастрас будани ҳаёти маишию маданию фарҳангии шаҳр ва ғайра). Андозаи Агломератсияи шаҳр аз дараҷаи тараққиёти нақлиёт вобаста аст; суръати воситаҳои нақлиёт ҳар қадар баланд бошаду шумораашон зиёд, ҳудуди агломератсия ҳамон қадар васеъ мешавад (масалан, шохаҳои дурраси роҳи оҳан ва воситаҳои зудраси нақлиёт – метро, электропоездҳо; киштиҳо ва катерҳои зудгард дар роҳҳои обӣ).

Агломератсияи шаҳр аз рӯи масоҳат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Агломератсияи шаҳр аз рӯи масоҳат, нуфуси аҳолӣ ва шумораи шаҳрҳои ба шаҳри асосӣ ҳамроҳшуда хурд, миёна, калон ва бузург мешавад. Он якмарказӣ ва бисёрмарказӣ мешавад. Масалан, Париж, Лондон, Милан, Москва – агломератсияи якмарказӣ; Ростов (Таганрог, Ростови лаби Дон, Азов, Батайск, Новочеркасск, Шахти, Новошахтинск) – бисёрмарказӣ. Сернуфустарин Агломератсияи шаҳри ҷаҳон агломератсияи Токио (33,8 млн нафар), Мехико (21,9 млн), Нию Ёрк (21,8 млн), Сеул (21,7 млн), Сан-Пауло (20,2 млн), Мумбай (18,8 млн), Ҷакарта (16,3 млн), Қоҳира (15,6 млн), Москва (15,4 млн), Истанбул (10,9 млн), Теҳрон (10,8) ва ғайра мебошад. Агломератсияи шаҳри фавқулода бузургро «мегалополис» меноманд. Мегалополисҳо минтақаҳои яклухт урбанизатсияшудаи иборат танҳо аз сохтмонҳои шаҳрӣ мебошанд: масалан, мегалополиси «Босваш» (яъне аз Бостон то Вашингтон, ШМА) мебошад, ки наздики 42 млн аҳолӣ дошта, 50 Агломератсияи шаҳрро муттаҳид кардааст. Дар Тоҷикистон Душанбе якҷоя бо шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат, ноҳияҳои Ҳисор ва Рӯдакӣ; Хуҷанд бо шаҳрҳои Қайроққум, Чкаловск, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Агломератсияи шаҳрро ташкил медиҳанд. Фаъолияти сокинони шаҳру ноҳияҳои зикршуда бо пойтахт ва маркази вилоят вобаста буда, онҳо ин ҷо кору таҳсил мекунанд, дар ҳаёти иқтисодиву фарҳангии ин ду шаҳр иштироки бевосита доранд. Ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар ҳудудҳои мазкур таъмингари ин иртиботанд.