Кишоварзӣ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Аграрӣ)
Кишоварзӣ, аграрӣ (собиқ мафҳуми хоҷагии қишлоқ — русӣ: Се́льское хозя́йство) — соҳаи иқтисодиёт мебошад, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа (хӯрокворӣ, ғизо) ва барои таъмин намудани соҳаи саноат бо ашёи хом хидмат мерасонад. Соҳаи кишаварзӣ (аграрӣ) дар ҳамаи кишварҳо мавҷуд аст. Ба соҳаи хоҷагии аграрии ҷаҳон зиёда аз 1 млрд аҳолии қобиляти корӣ дошта ҷалб карда шудааст. Бо проблемаҳои соҳаи аграрӣ илмҳои гуногун ба монанди агрономия, бойторӣ, мелиоратсия, рустанипарварӣ, боғдорӣ ва диг. сару кор доранд. Соҳаи кишоварзӣ тахминан 12 ҳазор сол муқаддам як тарзи меҳнату шуғли инсоният гардида ба пайдоиши хоҷагии истеҳсолӣ ва рушди тамаддуни башар такон додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аграрӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.